Номаи изҳори тасаллӣ аз Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин номаи изҳори тасаллӣ ворид гардид, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович,

Ҳамдардии амиқи маро дар робита ба оқибатҳои фоҷеабори фаромадани тарма дар Вилояти Мухтори Кӯҳистон Бадахшон қабул фармоед.

Хоҳишмандам ҳамдардии амиқи маро ба наздикону пайвандони нафарони бар асари офати табиӣ халокшуда, ҳамчунин таманниёти шифои оҷилро ба ҳамаи осебдидагон расонед».

АНҶОМИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. Пагоҳ Вазорати корҳои хориҷӣ, Вазорати молия, Прокуратураи генералӣ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд

Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023 даъват карда шуд

Ҳайати Малайзия барои иштирок дар Конфронси оби СММ-2023, ки моҳи март таҳти ҳамраисии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Ню-Йорк баргузор мегардад, даъват карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

14 феврал мулоқоти муштараки сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нидерланд дар Малайзия, инчунин ҳамоҳангсози доимии СММ дар Малайзия бо роҳбарияти вазорати захираҳои табиӣ, муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Малайзия баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот сафирони Тоҷикистон ва Нидерланд дар бораи раванди тадорукот ба Конфронси оби СММ-2023 маълумот дода, даъват намуданд, то ҷониби Малайзия дар Конфронси таърихии дарпешистода дар сатҳи муносиб иштирок намояд ва ҳамчунин тибқи Рӯзномаи амал дар соҳаи захираҳои об тадбирҳо андешад.

Зимни мулоқот оид ба масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба, инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули назар сурат гирифт.

АМИТ «Ховар»

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Дар ҷаласаи ҳайати комиссия масъалаи шаффофияти озмун баррасӣ карда шуд

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми кумитаи тадорукоти Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» доир гардид, ки дар кори он масъалаи дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ баргузор намудани ин озмун баррасӣ шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти вазорат хабар доданд.

Раиси комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён аз ҳайати доварон даъват кард, ки дар ҷараёни озмун шаффофиятро таъмин намуда, бо иштирокдорон вобаста ба синну сол муносибат намоянд.

Таъкид карда шуд, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат чор озмуни ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад ва ҳадафи асосии баргузории онҳо, пеш аз ҳама, дарёфти чеҳраҳои нави соҳибистеъдод, донишманд, китобхону сухандон ва тарғиби ҳунару фарҳанг ва илму дониш мебошад.

Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун ҷиҳати баргузории даври аввали он қарорҳои дахлдор қабул намуд.

АМИТ «Ховар»

Страницы