Ифтитоҳи коргоҳи дӯзандагию қолинбофӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов
Нашр шуд. Душ, 22/10/2018 - 14:3622 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Ғулакандози ноҳияи Ҷаббор Расулов коргоҳи дӯзандагию қолинбофиро ба истифода доданд.
Бо бунёди коргоҳ 50 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Корхонаи мазкур аз ҷонби соҳибкори ватанӣ Исмоил Самадов бунёд гардида, самти асосии фаъолияти он дӯзандагию қолинбофӣ мебошад ва бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири дӯзандагию қолинбофӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.