Мулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женмин
Нашр шуд. Сеш, 19/06/2018 - 17:4719 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Луи Женминро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он баррасӣ карда шуд.