Ахбори Точикистон Имруз - 20.05.2021
Нашр шуд. Ҷум, 21/05/2021 - 00:27
Рӯзҳои 19-20 май Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доштанд.
Дар доираи сафар меҳмони олиқадр бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар шахсони воломақоми Тоҷикистон мулоқоту вохӯриҳои судманд анҷом доданд.
19 май дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд
Шароити ваҳдату ҳамбастагӣ ва суботи устувор, рушди мунтазам, тақвияти бахши хусусӣ ва бунёди инфрасохтори васеи иқтисодӣ, сайёҳӣ ва иҷтимоӣ дар ватани маҳбубамон барои мавҷудияти неруи сиёсие чун ҳизби диннӣ зарурате боқӣ намондааст. Мавҷудияти созмоне мисли Ташкилоти терористии эктремистии Њизби наҳзати исломӣ барои оромии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хатарнок аст.
Насли ҷавони кишвар аллакай оид ба таърихи пайдоиш ва хиёнатҳои ин ҳизб маълумоти фарогир дорад, аҳдофи шумаш бозгў гардидааст, зарфият, иқтидори фикрӣ, кадрӣ ва ҳайсияти он ба чанд далели амалҳои терористии ин гурўҳ солҳои охир дар қаламрави кишварамон «вақт довар» буданро нишон дод.
Copyright KTR © 2025,
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734025, ш. Душанбе, к. Шероз 31. E-mail: info@ktr.tj