Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

7 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он гуфта мешавад:

«Муҳтарам ҷаноби Раис,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон, ҳамзамон ворид гардидани хисороти сершумор ба бинову иншоот дар навоҳии ҷанубу ғарбии Ҷумҳурии Мардумии Чин бар асари заминларзаи харобиовар боиси андӯҳи инҷониб гардид.

Дар иртибот ба ин мусибати гарон ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми дӯсти Чин ҳамдардӣ ва таслияти самимии хешро иброз менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Давлатзода Наҷмиддин Сайфиддин бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 январи соли 2025

 

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 январи соли 2025 №4
ш. Душанбе

Дар бораи аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
озод намудани Муминзод К.Р.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Муминзод Камолиддин Рамазон бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

 

ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР

аз 7 январи соли 2025 №5
ш. Душанбе

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи иҷрокунандаи
вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон
озод намудани Шарифӣ Ф.Б.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Шарифӣ Фирӯза Бурихонзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Нораки вилояти Хатлон озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
7 январи соли 2025
№899

 

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси
ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон
озод намудани Шоҳиён З.Ф.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Страницы