Оғози сафари корӣ ба шаҳри Хоруғ

Нимаи дуюми рӯзи 29 – уми июл баъди мулоқот ва суҳбати самимию созанда бо сокинони ноҳияи Роштқалъа Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои идомаи сафари корӣ ба маркази вилоят - шаҳри Хоруғ ташриф овард.
Маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ сурат гирифт. Барои ин шумораи зиёди сокинони шаҳр, пиру барно ба истиқболи пешвои ғамхору раҳнамунсоз Эмомалӣ Раҳмон бо

Гузоштани санги асоси бунёди НБО “Себзор” ва мулокот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа

Дар деҳаи Барҷангали ҷамоати деҳоти ба номи Мирсаид Миршакари ноҳияи Роштқалъа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асоси бунёди Неругоҳи Барқи Обии “Себзор” ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшид.
Мавриди зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ дар саросари кишвар бунёди неругоҳҳои хурду бузурги барқи обиро ба роҳ мондааст.

Суханронӣ зимни мулоқот бо мардуми ноҳияи Дарвоз

Ҳозирини арҷманд!
Бисёр хушнудам, ки сокинони ҳимматбаланду меҳмоннавози ноҳияи Дарвоз Роҳбари давлатро чун ҳамеша бо чеҳраҳои гарму рӯҳи болида ва меҳру муҳаббати хоса истиқбол мегиранд ва ба ин васила суннати деринаи мардуми соҳибфарҳангамонро гиромӣ медоранд.
Барои чунин пазироии самимӣ ба тамоми сокинони ноҳия, хусусан ба модарони арҷманд, пирони барнодил ва ҷавонони ватандӯст изҳори сипос менамоям ва ба ҳамаи шумо хонаи ободу

Страницы