Таъиноти кадрӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии соҳаҳои амнияти миллӣ, идораи замин ва геодезия, меъморӣ ва сохтмон, телевизион, радио, дигар воситаҳои иттилоърасонии давлатӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Нахуст шаш нафар кадрҳои ҷавону болаёқат ва дар айни замон соҳибтаҷрибаи соҳаи амнияти миллӣ ба вазифаҳои пурмасъулияти роҳбарӣ дар

Паёми телевизионӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон

Ҳамватанони гиромӣ!
Моҳи мубораки Рамазонро, ки фардо фаро мерасад, ба кулли мардуми мусулмони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар саодати рӯзгор ва суботу оромӣ орзу менамоям.
Моҳи Рамазон, ки айёми раҳмату мағфират, файзу баракат мебошад, инсонро ба сабру таҳаммул, некиву накӯкорӣ, эҳсону мурувват, қаноату умедворӣ даъват намуда, дари раҳмати

Иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Якуми Аврупоӣ дар шаҳри Боку

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои Якуми Аврупоӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуд.
Қабл аз оғози маросими ифтитоҳи ин чорабинии бошукӯҳи варзишӣ, ки бори нахуст баргузор мегарданд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар роҳбарони давлатҳою ҳукуматҳо ва меҳмонони воломақоми ташрифовардаро Президенти Ҷумҳурии

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 бо Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун мулоқот намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории бисёрпаҳлӯи Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд.
Аз ҳамкории Тоҷикистон бо 23 ниҳоди Созмони

Страницы