Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзони ноҳияи Бохтар нисбат ба ноҳияҳои дигар барои фурӯши маҳсулот шароити хуб доранд»
Нашр шуд. Чор, 16/08/2017 - 13:35Саҳми ноҳияи Бохтар ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини кишоварзиву саноатии вилояти Хатлон дар пешрафти иқтисоди миллӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ хеле арзишманд мебошад. Ин нукта имрӯз зимни суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон таъкид гардид.
Сарвари давлат ҳамчунин иброз доштанд, ки соли гузашта кишоварзони ноҳия дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи 880 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки ин рақам дар муқоиса бо соли 2015-ум 24 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар 6 моҳи соли ҷорӣ низ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 11 фоизро ташкил кардааст.