Боздиди Президенти кишвар аз мавзеи сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун
Нашр шуд. Ҷум, 05/08/2016 - 13:34Рӯзи дуюми сафари корӣ ба шаҳри Роғун Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз маҳалли анбори захираҳои маводи шағалзаминӣ боздид ба амал овард.
Тавре иттилоъ дода шуд, мувофиқи нақшаи пешбинишуда дар як рӯз то ба 30 ҳазор метри кубӣ маводи шағалзаминӣ ба анбор кашонда мешавад.