Суханронӣ ба муносибати ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ

Зиёиёни муҳтарам ва меҳмонони арҷманд!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз дар ин толори пуршукӯҳ тантанаҳои ҷашнӣ ба ифтихори 600-солагии адиб, олим ва орифи бузурги Машриқзамин Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ идома доранд.
Ва хеле рамзист, ки маҷлиси бошукӯҳи бузургдошти Мавлоно дар арафаи ҷашни Рӯзи забони давлатӣ барпо мегардад; ҷашне, ки мардум онро дар рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таҷлил менамоянд.
Бо истифода аз фурсат, кулли мардуми шарафманди Тоҷикистони азиз ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ин ҷашнҳои бузург табрику таҳният гуфта, ба ҳар як фарди Ватан хушбахтиву некрӯзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандӯстиву ватансозӣ иродаи қавӣ орзу дорам.
Ба ҳамагон маълум аст, ки забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлоли ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст.
Дар тӯли тамоми таърих забон барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт.
Хусусан имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем.
Миллати тоҷик бо фарҳанг ва тамаддуни чандҳазорсолаи хеш ифтихор менамояд ва ба хубӣ дарк мекунад, ки миллат бе забон амсоли парандаест, ки аз болу пар маҳрум гардида, парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст.
Миллати тоҷик нек медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст.
Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣ дар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣ ва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун ганҷинаи гаронбаҳо ба мо ба ёдгор мондааст.
Истиқлолияти давлатӣ барои ташаккул ва рушди минбаъдаи забони давлатӣ ва меъёрҳои адабии он ҳамаи шароити мусоидро фароҳам овард ва ҳама гуна маҳдудияту монеаҳоро дар роҳи ташаккули забон бартараф намуда, онро ба шоҳроҳи нави тараққиёт раҳнамун сохт.
Мо бояд забони давлатиамонро мисли оинаи поку пурҷило нигоҳ дорем ва онро аз ҳар гуна олоишу омехтагиҳои нозаруру ғайриматлуб ҳифз намоем.
Дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисӣ тақозои давру замон мебошад, зеро ин забонҳо воситаи муоширати байналмилалӣ ба шумор рафта, ба мо дар густариши муносибатҳоямон бо давлатҳои дигар ва ба таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани марому ҳадафҳои миллиамон ва гузашта аз ин, ба рушду пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишварамон мусоидат мекунанд.
Ба шарофати истиқлолият миллати фарҳангпарвари тоҷик беҳтарин арзишҳои тамаддуни башарии Шарқу Ғарбро мавриди истифода қарор дода, дар айни ҳол таърих, фарҳанг, забон ва маънавиёти бисёрҳазорсолаи худро ҳимоя намуд ва имрӯз ба он рушди бештар бахшида, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои тамаддуни хешро пойдору муқаддас нигоҳ медорад.
Бори дигар ба кулли шаҳрвандон ва махсусан ба ҷавонон таъкид кардан мехоҳам, ки забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст.
Ифтихор аз ватану ватандорӣ, таъриху фарҳанг, ифтихор аз миллат ва ҳувияти миллӣ аввалтар аз ҳама вобаста ба мақому эътибори забони давлатӣ ва дар поку бегазанд нигоҳ доштани он мебошад.
Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст.
Яке аз афзалиятҳои барҷастаи замони истиқлолият ин аст, ки имрӯз мо имкони бештару беҳтари қадршиносӣ кардан ва ҳамзамон бо ин, муаррифӣ намудани фарзандони фарзонаи миллати соҳибтамаддунамонро ба ҷаҳониён дар ихтиёр дорем.
Маҳз ба ҳамин хотир, истиқлолияти давлатиро дар роҳи худшиносии таърихиву миллӣ, эҳёи суннатҳо ва рушди илму адаби тоҷикон метавон марҳалаи дурахшону пурифтихори фарҳангу тамаддуни миллӣ, даврони ташаккули ақлу заковати созанда ва эҷодкорӣ арзёбӣ намуд.
Истиқлолият ба аҳли фарҳанги кишвар имкон дод, ки дар раванди талошҳои густурда ба сарнавишт ва мақоми ниёгони хеш дар масири таърих бо диди амиқтар назар андохта, тавассути офаридаҳои тозаву арзишманд нақш ва нуфузи миллати тоҷикро дар таърихи ҷомеаи башарӣ ва ташаккули муҳимтарин равандҳои таърихиву фарҳангии ҷаҳони мутамаддин бо тобишҳои нав ҷилвагар созанд.
Аз файзу баракати истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ самтҳои афзалиятноки сиёсати фарҳангии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва зина ба зина татбиқ шуда, ҷиҳати рушди устувори фарҳанги миллӣ фазои мусоиду озод фароҳам омад, ки ин дар шароити муосир хеле муҳим аст.
Зеро тавре олимони ҷомеашинос хулоса мекунанд, дар асри пуртазоди мо минбаъд унсури калидии ҳувият ва истиқлол на идеологияҳои сохта ва равандҳои маҳдуди мафкуравӣ, балки тамаддун ва гуфтугӯи тамаддунҳо хоҳад буд.
Бешак, умумияти фарҳангӣ аз ҳар навъ иттиҳоди идеологӣ бартар аст ва маҳз тамаддун ва посдории арзишҳои волои инсонӣ метавонад башариятро аз буҳрон ва касодии маънавӣ раҳоӣ бахшад.
Ба ин хотир, баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад.
Дар 23 соли соҳибистиқлолӣ мо тавонистем, ки як силсила маъракаҳои муҳимми илмиву адабӣ ва фарҳангиро бо иштироки донишмандон ва коршиносони маъруфи ватаниву хориҷӣ дар сатҳи баланди байналмилалӣ баргузор намоем.
Таҷлили ҷашни бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 - солагии китоби муқаддаси «Авасто», ҳазораи «Шоҳнома», 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддин Беҳзод, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров аз ҳамин қабиланд.
Чунин чорабиниҳо на танҳо мавриди бисёр муносиб барои шинохти амиқ ва таҳқиқу баррасии осори илмиву адабӣ мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.
Дар яке аз вохӯриҳое, ки бо аҳли зиёи кишвар доштам, пешниҳод карда будам, ки соли 2014-ро дар кишвар соли бузургдошти Абдураҳмони Ҷомӣ эълон намоем ва дар ин муддат ба омӯхтан ва тарғибу ташвиқи ҳаёт ва эҷодиёти ӯ амиқтар машғул шавем, то ки мардуми мо аз Мавлоно шинохти фарогиртаре дошта бошанд.
Ман қаноатманд аз онам, ки то имрӯз Академияи илмҳо, вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм, Кумитаи телевизион ва радио, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи мамлакат ба муносибати ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ як қатор тадбирҳои заруриро анҷом додаанд ва бовар дорам, ки онҳо ин кори нек ва босамари худро минбаъд низ идома медиҳанд.
Зеро эҷодиёти Мавлоно Ҷомӣ басо пурвусъат ва пургунҷоиш буда, сабақи доимӣ бардоштан ва таҳқиқу таҳлили пайвастаро тақозо мекунад.
Муҳимтар аз ҳама, худи мардум ба шахсият ва осору афкори Мавлоно иродат ва меҳри махсус доранд.

То имрӯз таҷлил гардидани ҷашнҳои 550-солагӣ ва 575-солагии ин олим ва орифи бузург ва ба ифтихори ӯ номгузорӣ шудани хиёбону мактабҳо, кохи ҳунар ва ноҳия дар кишварамон далели равшани ҳамин гуфтаҳоянд.
Ҳозирини муҳтарам!
Ҳар вақте ки солгарди шахсиятҳои саршиноси миллатро ҷашн гирифтанӣ мешавем, аз худ савол мекунам, ки бузургӣ ва маҳбубияти онҳо дар чист?
Имрӯз дар симои Мавлоно Ҷомӣ ба ин савол ба осонӣ метавон посух гуфт. Яъне бузургии олимону орифони маъруфу маҳбубе чун Мавлоно Ҷомӣ, пеш аз ҳама, дар ҷовидонӣ будани офаридаҳои онҳост, зеро ҳар чӣ онҳо гуфтаанд, дар замири наслҳо маскан гирифтааст ва бегазанду ҷовидона боқӣ мондааст.
Бахусус Абдураҳмони Ҷомӣ, ки ба эътирофи ҳамзамононаш аз шахсиятҳои фавқулодаи адабӣ, илмӣ ва фарҳангӣ маҳсуб меёфт ва берун аз хоки Хуросону Мовароуннаҳр - аз Форс то Осиёи Сағир ва Ироқу Ҳиндустон шуҳратёр буд.
Маҳбубияти Мавлоно аз нигоҳи дигар дар он аст, ки муҳимтарин асарҳои адабӣ ва илмии ӯ ба бисёр забонҳои дунё, аз ҷумла англисиву франсавӣ, олмониву лотинӣ, русиву арабӣ, туркиву ҳиндӣ, урдуву арманӣ, озариву ӯзбекӣ ва забонҳои дигар тарҷума шудаанд.
Ба шеъру достонҳои Абдураҳмони Ҷомӣ шоирони бузурге, монанди Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон ҷавоб гуфтаанд.
Дар байни пайравони Мавлоно шогирди бовафояш Алишери Навоӣ мақоми хоса дошт ва яке аз аввалин тарҷумонҳои осори ӯ маҳсуб меёфт.
Муносибати Ҷомӣ ва Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва самимияти пиру мурид, устоду шогирд, бародар бо бародар буд, ки ҳеҷ ғаразе дар худ надошт.
Ҷомӣ дӯстиву рафоқати шогирди худ Навоиро дар достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-аш ба ин маънӣ ба қалам додааст:
Хоса, ки ба боғи ошноӣ
Бар шохи вафо бувад Навоӣ.
Дар навбати худ Алишери Навоӣ дар марги устоди бузургвор ва бародари ҷониаш Абдураҳмони Ҷомӣ марсияи ҷонсӯзе месарояд, ки ҳангоми қироати он аз забони Мавлоно Ҳусайн Воизи Кошифӣ ҳама мегирянд.
Марсияи мазкур, бешубҳа, яке аз беҳтарин намунаҳои шеър дар адабиёти тоҷикии форсӣ мебошад.
Навоӣ аз ҷумла дар хитоб ба рӯҳи поки устод ва дӯсти бузургвори худ навишта буд:
Ту бирафтиву дили халқи ҷаҳон зор бимонд,
То қиёмат ба фироқи ту гирифтор бимонд.
Дӯстӣ ва садоқати Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Амир Алишери Навоӣ, ки дар ин ду мисраъ баръало эҳсос мешавад, намунаи барҷаста ва ибратомӯзи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек ба шумор меравад.
Далели дигари маъруфияти Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин буд, ки ӯ на танҳо дар байни аҳли илму адаб ва алоқамандони осораш, балки дар миёни ҳокимони давр шуҳрат ва обрӯву эътибори зиёд дошт.
Аз ҷумла Султон Ҳусайни Бойқаро, ки соҳиби табъи шоирӣ ҳам буд, ба Ҷомӣ иродати махсус дошт ва аз ӯ дар ҳалли масъалаҳои гуногун маслиҳату машварат мегирифт.
Мисоли дигар, ки аз обрӯву эътибори фавқулодаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар кишварҳои хориҷӣ шаҳодат медиҳад, ин аст, ки Амир Музаффариддин Ҷаҳоншоҳ - подшоҳи онвақтаи Ироқайн, Ҳамадон ва Озарбойҷон ба ӯ ҳамчун дӯсти қадрдон мактуб менавишт ва ашъорашро барои арзёбӣ мефиристод.
Мавлоно Ҷомӣ дар муҳити адабӣ, ҳунарӣ, фарҳангӣ ва илмиву иҷтимоии Ҳирот - яке аз марказҳои қадимӣ ва номдори мардуми ориёитабор зиндагӣ ва эҷод кардааст.
Дар он даврон дар мадрасаҳои ин шаҳри бостонӣ, мувофиқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, то 11 ҳазор нафар толибилмон машғули таҳсил буда, олимону мударрисони номдор ба онҳо сабақи илму ирфон медодаанд.
Табиист, ки чунин муҳити созгори адабиву илмӣ ва фарҳангиву ҳунарӣ барои зуҳур ва рушду камоли шахсияти фавқулодае чун шоир, олим ва орифи барҷаста Абдураҳмони Ҷомӣ мусоидат намудааст.
Ҳозирини гиромӣ!
Яке аз омилҳои дигари зуҳури олим ва шоири нодире мисли Абдураҳмони Ҷомӣ, бешубҳа, вобаста ба шахсияти фавқулодаи ӯ мебошад.
Нахустин рисолаи илмии Мавлоно шарҳе ба китоби донишманди маъруфи замонааш Қозизодаи Румӣ дар илми ҳайат ё нуҷум буд, ки он вақт муаллиф андаке бештар аз бист сол дошт.
Робитаи илмӣ ва мукотиботи дӯстонае, ки миёни олими забардасту соҳибкаломе чун Қозизодаи Румӣ - ҳамкору ҳамсафи Улуғбек дар Самарқанд ва як ҷавони тоҷики ҳиротӣ Абдураҳмони Ҷомӣ барқарор гардида буд, худ гувоҳи он аст, ки ӯ дарвоқеъ, соҳиби истеъдод ва дониши ғайриодӣ будааст.
Қозизодаи Румӣ бардошташро аз шахсияти Абдураҳмони Ҷомӣ чунин ба қалам додааст: “то бинои Самарқанд аст, ҳаргиз ба ҷавдати табъ ва қуввати тасарруфи ин ҷавон кас аз оби Омӯя бад-ин ҷониб убур накарда”.
Омили дигари маъруфияти Мавлоно Ҷомӣ ба фаъолияти илмиву адабии бағоят густурдаи ӯ дар соҳаҳои мухталифи илм, аз ҷумла забоншиносӣ, адабиётшиносӣ, мусиқӣ, ирфон, шарҳнависӣ ва навъҳои гуногуни адабӣ алоқаманд мебошад.
Миқдори асарҳои илмиву адабӣ ва ирфонии ӯро ҷоми-шиносон имрӯз аз 46 номгӯй иборат донистаанд, ки миёни онҳо асарҳои машҳуре чун “Баҳористон” дар наср, маснавиҳои “Ҳафт авранг”, се девони шеър, тазкираи “Нафаҳот-ул-унс”, “Рисолаи мусиқӣ”, “Рисолаи арӯз”, “Рисолаи қофия”, “Шарҳи Ҷомӣ” дар бораи сарфи забони арабӣ ва “Чил ҳадис”мақому манзалати хоса доранд.
Ҳамзамон бо ин, китобу рисолаҳои машҳури Абдураҳмони Ҷомӣ, аз қабили “Нафаҳот-ул-унс”, “Чил ҳадис”, “Шарҳи рубоиёт”, “Рисолаи суханони Хоҷа Порсо”, “Шарҳи ду байти “Маснавӣ” ва ғайра аз манбаъҳои муҳим буда, дар таҳқиқи таърихи тасаввуф ва масъалаҳои назарии он дорои аҳамияти махсус мебошанд.
Омили сеюми шуҳрати беандозаи Абдураҳмони Ҷомӣ дар миёни хосу оми давр, аҳли илму адаб ва ирфони Хуросону Мовароуннаҳр аз он иборат аст, ки ӯ дар синни 40-солагиаш ба тариқати маъруфи Нақшбандия рӯ оварда, бо яке аз пешвоёни номдори он Хоҷа Аҳрори Валӣ қаробат пайдо мекунад ва орифи номӣ Саъдиддини Кошғариро муршиди худ интихоб менамояд.
Ба тариқати нақшбандия, ки як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ, махсусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад, гаравидани шахсияти фавқулодаи адабӣ, илмӣ ва ирфоние мисли Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд.
Ба олами эҳсосу андешаҳои ӯ шиорҳои асосии пайравони ин тариқат, аз ҷумла “ба зоҳир ба халқ ва ба ботин бо Ҳақ”, “дил ба ёру даст ба кор” бисёр наздик буд.
Суханҳои машҳури Мавлоно дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиъаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд.
Ва ин як вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯи таассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд.
Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани назари чунин шайхону фақеҳони мутаассиби даврро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод.
Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба майдони адабиёти тоҷикии форсӣ вақте қадам гузошт, ки он пас аз сукути дурудароз аз нав рӯ ба рушд оварда буд.
Аз ин сабаб асри понздаҳро ҷоми-шиносони тоҷик “асри эҳёи шеъри форсӣ” ва Ҷомиро бузургтарин адиби эҳёгар номидаанд, ки ин ҳақиқати бебаҳс аст.
Муҳимтарин падидаи ин марҳалаи эҳёи адабиёти тоҷикии форсӣ аз ривоҷи тазмину ҷавобия ба асарҳои гузаштагон иборат мебошад.
Бинобар ин, ҳаргиз тасодуфӣ нест, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун сару сарвари суханварони асри хеш ба ғазалҳои Саъдӣ, Ҳофиз, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳасани Деҳлавӣ ва Камоли Хуҷандӣ, қасидаҳои Анварӣ, Хоқонӣ ва Хусрави Деҳлавӣ, маснавиҳои Ҷалолиддини Балхӣ, “Хамса”- и Низомӣ ва “Гулистон”-и Саъдӣ навоварона ҷавоб гуфтааст.
Хусусан сатҳе, ки Мавлоно Ҷомӣ, бахусус дар ғазалсароӣ ҳанӯз дар замони худ фатҳ намуда буд, то имрӯз нодир ва нотакрор маҳсуб меёбад.
Ҷомӣ моҳияти иҷтимоиву адабии адабиёт ва ҳунар, мақом ва нақши онҳоро дар зиндагии ҷомеа ба хубӣ ҳис мекард ва дар ашъораш аз ҳақиқати воқеӣ мегуфт.
Ба гуфти худаш, ӯ танҳо аз баҳри мардумон эҷод мекард ва асарҳои илмӣ менавишт, на барои худ ва ба манфиати хеш:
Қасди шуҳрат набуд Ҷомиро,
К-ин ҳама назми обдор навишт.
Баҳри аҳбоб бар саҳифаи дил
Нуктае чанд ёдгор навишт.
Муҳтарам аҳли илм ва дониш!
Шумо хуб медонед, ки Мавлоно Ҷомӣ моҳиятан шахсияти маърифатпарвар буда, мақсади ягона ва аслии ӯ аз эҷоди асарҳои адабӣ ва илмии сершумораш мардумро бо нури маърифат аз ҷаҳлу ҷаҳолат раҳонидан ва ба сӯйи зиндагии орому осуда ва рӯзгори хуш роҳнамоӣ кардан аст.
Мавлоно шоири халқ ва бо халқ буд. Маҳз ба ҳамин ният ба тасаввуф рӯй оварда, барои роҳати дигарон ранҷ кашиданро аз аслҳои асосии ғоявӣ ва бадеии худ интихоб намудааст.
Ҷомӣ аз ҷумлаи касони нодире буд, ки дар зиндагии рӯзмарра ва фаъолияти эҷодии худ шиори асосиашон аз ҳама бештар ба халқ нафъ расонидан буд. Ин аслро беҳтар аз худи шоир каси дигаре натавонистааст адо намояд:
Эй, ки пурсӣ, ки беҳтарин кас кист?
Гӯям аз қавли беҳтарини касон:
Беҳтарин кас касе бувад, ки зи халқ
Беш бошад ба халқ нафърасон.
Қаҳрамони асарҳои Ҷомӣ илова ба нафърасони халқ будан шахси бомаърифат, бохирад, ҳунарманд, ҳимматбаланд, адолатпарвар, озодандеш ва ормонпарвар буда, китобро дар ҷаҳон беҳтарин ёру мунису ғамхор ва устоди бе музду миннати худ медонад ва бовар дорад, ки агар омӯзгор набошад, ҷаҳон аз бехирадон тира хоҳад гашт.
Воқеан, бузургии Мавлоно Ҷомист, ки пас аз гузаштани шашсад сол офаридаҳои ӯ моҳияти худро натанҳо гум накардаанд, балки чун марҳам то имрӯз дардҳои маънавии халқҳову миллатҳои дунёро дармон мебахшанд.
Маҳз ба ҳамин хотир, мову шумо, ки фарзанди ҳамин миллатем, бояд, пеш аз ҳама аз бузургоне чун Ҷомӣ дарси ибрат гирем, сабақ омӯзем ва шабу рӯз кӯшиш намоем, то ҳамеша бо халқ ва дар хизмати халқ бошем.
Мавлоно Ҷомӣ низ бо таъкид обрӯю эътибори одамонро дар зиндагӣ дар илму дониш ва ҳунармандию бомаърифатӣ медонад, на дар соҳиби симу зар будани онҳо.
Ба тадбири Мавлоно шахсе, ки соҳиби илму ҳунар аст, ҳеҷ гоҳ пеши ҷоҳилону золимон сар хам нахоҳад кард.
Вай ба дандон рахна дар пӯлод кардан ва ба пилки дида оташпора чиданро аз кашидани бори миннати пастфитратон авлотар медонад.
Маъние, ки аз эҷодиёти Мавлоно бардоштем, бори дигар мо ворисони ӯро водор месозад, ки чун шамъ сӯхтаву барои ватан ва миллати худ созем, то роҳи наслҳои ояндаи ин миллати соҳибтамаддун ҳамеша нурафшон бошад.
Насиҳати Мавлоно дар ин маврид бисёр омӯзанда аст, ки мегӯяд:
Шамъ шав, шамъ, ки худро сӯзӣ,
То ба он базми касон афрӯзӣ.
Ҳозирини гиромӣ!
Тавре ки мебинем, омили асосии беандоза шуҳратёр будани Абдураҳмони Ҷомӣ, бузургии ӯ ва мондагории асарҳои адабиву илмияш дар тӯли шашсад соли охир на танҳо дар қаламрави забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикии форсӣ, балки берун аз он дар муҳтавои олии инсондӯстиаш зоҳир мегардад, ки ин намунаи ибрат, шоистаи пайравӣ ва ифтихори ҳар як фарди тоҷик аст.
Дар охир мехоҳам аз саҳми намоёни донишмандони тоҷик дар таҳқиқ ва нашри мероси гаронбаҳои адабӣ ва илмии ин шахсияти бузург шоир, олим ва орифи намоён ёдовар шавам.
Ман ифтихор дорам, ки маҳз ба шарофати заҳмату кӯшишҳои аҳли зиёи мамлакат ҷоми-шиносӣ ҳамчун як шохаи мустақил дар илми муосир шакл гирифт ва эътироф гардид.
Маҳз ба туфайли донишмандони маъруфи тоҷик, ба монанди устод Садриддин Айнӣ, академик Абдулғанӣ Мирзоев ва Аловаддин Баҳоваддинов, Мӯсо Раҷабов, Аълохон Афсаҳзод ва амсоли инҳо муҳимтарин асарҳои адабиву илмии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун сарчашмаҳои боэътимод вориди илми муосир гардидаанд.
Аз ҷумла таҳқиқоти илмие, ки ҷоми-шиноси тоҷик шодравон Аълохон Афсаҳзод анҷомдода аст, имрӯз миёни аҳли илму адаби кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанги Эрону Афғонистон эътибори хоса дорад.
Ин ҳамкории илмии судманд намунаи равшани он аст, ки донишмандони Тоҷикистон, Эрон ва Афғонистон метавонанд дар заминаи мероси муштаракамон корҳои бузурги илмӣ ва адабиро анҷом диҳанд.
Умед аст, ки раёсатҳои муҳтарами ниҳодҳои илмии ин се кишвари ҳамзабон дар ин бора андеша мекунанд ва як барномаи ҳамкориҳои илмиву фарҳангиро муштаракан таҳия менамоянд.
Дар робита ба ин, ба роҳбарияти Академияи илмҳо ва муассисаҳои дигари илмиву таълимии кишвар супориш дода мешавад, ки дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Мо набояд фаромӯш кунем, ки имрӯз дар марҳалаи ҷаҳонишавии равандҳои сиёсиву иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ қарор дорем.
Агар кишварҳо, бахусус кишварҳои ҳамзабон ва ҳамфарҳанг, дар фаъолияти худ ҳамоҳангӣ надошта бошанд, ҳифзи арзишҳои миллӣ барояшон душвор хоҳад шуд.
Мо имони комил дорем, ки фарҳанги ғании гузаштаамон ва осору афкори олии инсондӯстонаи бузургоне, монанди Абдураҳмони Ҷомӣ бароямон дар ин равандҳои ҳассосу пуртазод пуштибон ва мададгор мегарданд.
Дӯстони азиз!
Меҳмонони арҷманд!
Мувофиқи барномаи ҷашни бузургдошти 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ баъд аз нисфирӯзӣ Конфронси байналмилалии “Ҷойгоҳи Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамаддуни Шарқ” оғоз мегардад.
Итминон дорам, ки он дар сатҳи баланди ташкилӣ ва илмӣ мегузарад. Барои ҳамаи иштироккунандагон ва созмондиҳандагони он барори кор мехоҳам.
Бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибдавлатии миллати куҳанбунёдамон, ки ба шарофати он мо имрӯз ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем, ба ҳамаи шумо, ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ба тамоми алоқамандони адабиёти шуҳратёри тоҷику форс бори дигар ҷашни 600-солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомиро табрику муборакбод мегӯям.
Инчунин ҳар яки шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки мардуми мусулмони мо фардо онро бо шукронаи сулҳу суботи пойдор ва ваҳдати ҷовидонаи миллӣ истиқбол мегиранд, самимона табрик мегӯям.
Саломату сарбаланд бошед ва саодати доимӣ насибатон бод!