Иштирок дар ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ

Имрӯз бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар толори бузурги театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд.
Ба ифтихори ин ҷашнҳои бузург дар толор роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, аҳли илму маърифат ва зиёиёни эҷодкори кишвар ҷамъ омаданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суханронӣ кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон ва аҳли толорро бо ин ҷашнҳои бузург табрику таҳният гуфта, бо сарфарозӣ изҳор дошт, ки мардуми кишвари мо Рӯзи забони давлатӣ ва ҷашни 600-солагии Абдураҳмони Ҷомиро “бо рӯҳияи ифтихор аз арзишҳои фарҳангӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ таҷлил менамоянд”.
Дар идомаи сухан таъкид гардид, ки забони тоҷикӣ баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик ва дорои пайванди устувор бо истиқлоли давлатӣ аст ва он дар тӯли таърих барои миллати мо яке аз арсаҳои муборизаи истиқлолхоҳӣ ва ватанпарастӣ ба шумор мерафт.
Ҳамчунин таъкид гардид, ки “забон ҷавҳари ҳастӣ ва бақои умри миллат аст, миллат бе забон мисли парандаи бе болу пар аст, ки парвози баландро ба куллӣ фаромӯш кардааст. Дӯст доштани забон - ин дӯст доштани Модар, Ватан ва таъриху фарҳанги худ аст”.
Бо ёдоварӣ аз аҳамияти таърихӣ ва ҳаётии забон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “хусусан имрӯз дар раванди ҷаҳонишавӣ мо бояд забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои замона эмин дорем”.
Сарвари давлат дар баробари забони давлатӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, пеш аз ҳама, забонҳои русӣ ва англисиро “тақозои давру замон” номида, насли наврас ва кулли шаҳрвандони маърифатпарвари кишварро ба омӯзиши амиқи онҳо ҳидоят кард.
Тазаккур дода шуд, ки “баргузории солгарди бузургони илму адаб ва сиёсату фарҳанги миллӣ, қадрдонӣ ва ҳифзи мероси адабиву фарҳангӣ аз рукнҳои асосии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистони соҳибихтиёр ба шумор меравад”.
Бо ёдоварӣ аз ҷашнҳои бошукӯҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700 - солагии Авасто, ҳазораи Шоҳнома, 1310-солагии Имоми Аъзам, бузургдошти Борбади Марвазӣ, устод Рӯдакӣ, ибни Сино, Носири Хусрав, Камоли Хуҷандӣ, Камолиддин Беҳзод, Мирсайид Алии Ҳамадонӣ, устод Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва бисёр бузургони дигар, ки тайи 23 соли соҳибистиқлолии Тоҷикистон таҷлил шудаанд, зикр гардид, ки ҷашни 600 солагии Абдураҳмони Ҷомӣ ҳам нишона аз идома ва густариш ёфтани ҳамин сиёсат аст.
Бино ба таъкиди Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон “чунин чорабиниҳо на танҳо мавриди бисёр муносиб барои шинохти амиқ ва таҳқиқу баррасии осори илмиву адабӣ мебошанд, балки воситаи муассири дар заминаи арзишҳои миллии гузашта ва муосир тарбия намудани насли ҷавон ва баланд бардоштани сатҳи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд”.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шогирдон ва ҳаводорони осори гаронбаҳои Абдураҳмони Ҷомӣ чун Урфии Шерозӣ, Соиби Табрезӣ, Калими Кошонӣ, Нозими Ҳиротӣ, Шавкати Бухороӣ, Мирзо Абдулқодири Бедил, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ ва дигарон ёдовар шуда, дӯстии Мавлоноро бо шогирди бовафояш Алишери Навоӣ “намунаи барҷаста ва ибратомӯзи мардумони тоҷику узбек” номид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ёдоварӣ аз осори пурғановати илмию адабӣ ва ирфонии Мавлоно Ҷомӣ, ки тибқи иттилои ҷомишиносон ба 46 адад мерасанд, ба афкори тасаввуфию ирфонӣ ва ба тариқати маъруфи Нақшбандия рӯй овардани ин бузургвор таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Чунонки зикр гардид, тариқати Нақшбандия як шохаи ороми тасаввуф буда, бо исломи расмӣ, хусусан мазҳаби ҳанафии он мувофиқати зиёд дорад ва ба он гаравидани Абдураҳмони Ҷомӣ ҳеҷ гоҳ тасодуфӣ набуд, зеро ин вокуниши оқилонаву ошкоро ба муқобили гурӯҳе аз мутаассибон буд, ки зери пардаи дини мубини ислом аз рӯи таассуб ва ҷаҳл дар байни намояндагони равияҳои гуногуни динӣ оташи низоъро доман мезаданд. Суханҳои машҳури Мавлоно Ҷомӣ дар бораи тамоман маънӣ надоштани низои шиъаву суннӣ аз ҳамин ҷо маншаъ мегиранд.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки Абдураҳмони Ҷомӣ ҳамчун шоир, донишманд ва орифи номӣ ғайримантиқӣ ва беасосу далел будани тафриқаҳои миёни шиъаю суннӣ ва дигар мазҳабу равияҳои диниро бо далелҳои мантиқӣ ва шаръӣ исбот намуда, ба ҳама чиз аз рӯи ақлу дониш ва риояти ҳадди эътидол менигарист ва аз ҳамин дидгоҳ баҳо медод.
Дар фароварди сухан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бори дигар аз соҳибдавлатии миллати куҳантамаддуни тоҷик, ки ба шарофати он мо имрӯз ба бузургдошти таъриху фарҳанги оламшумули худ имконияти густурда пайдо кардаем, арзи ифтихору шукрона намуда, мардуми Тоҷикистони азизро ба арҷгузорӣ ба арзишҳои волои фарҳангӣ, аз ҷумла забони давлатӣ, омӯзиши амиқи осори бузургони илму адаб ва ибратомӯзӣ аз онҳо ҳидоят намуд.