Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави замонавӣ дар маркази ноҳияи Қубодиён

Дар маркази ноҳияи Қубодиён Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони мактаби нави замонавӣ барои 640 хонанда дар 2 баст оғоз бахшид.
Тавре зикр гардид, ин мактаб тайи 1,5 соли оянда бо харҷи беш аз 7 миллион сомонӣ маблағҳои буҷети давлатӣ сохта ва бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешавад.
Мактаби нав аз бинои таълимӣ, толори варзишӣ, майдони футбол, толори маҷлисӣ, ошхона, синфхонаю озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази фаннӣ барои фанҳои дақиқ, дарсҳои забономӯзӣ ва ҳунаромӯзии духтарону писарон иборат хоҳад буд.
Дар паҳлӯи мактаб барои омӯзгороне, ки аз дигар минтақаҳо ба кор ҷалб карда мешаванд, хобгоҳ сохта мешавад.
Дар паҳлӯи мактаб ҳамчунин бинои нави шуъбаи маорифи ноҳия бо тарҳи зебои замонавӣ бунёд хоҳад ёфт.