Ифтитоҳи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12

Имрӯз ҳамчунин дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дониёрқули ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо буридани лентаи рамзӣ Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами №12-ро ба истифода дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи таълимӣ бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Мактаби мазкур барои бо таҳсил фаро гирифтани қариб 2400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, аз 4 бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, 10 озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Муҳимтар аз ҳама, бо ифтитоҳи мактаби имрӯза бисёр масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи сокинони 4 деҳаи ин ҷамоат ҳал мегардад, зеро сокинони деҳаҳои зикршуда ин рӯзро дер боз интизор буданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз синфхонаҳои таълимӣ ба омӯзгорони ин муассиса таъкид дошт, ки насли наврасро дар рӯҳияи вадандӯстию хештаншиносӣ тарбия намуда, аз имконоти муҳайёшуда самаранок истифода баранд.
Гуфта шуд, ки аз ин пеш хонандагони ин муасссиса дар ду мактаби кӯҳнаи деҳа таҳсил доштанд, ки дар онҷо шароити муосири илмомӯзӣ вуҷуд надошт. Хонандагону омӯзгорон аз фаъол шудани ин мактаби хуштарҳу замонавӣ басо хушнуд шуданд.
Озмоишгоҳҳои фаннии химия, физика, ки бо таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир таъмин гардидааст, заминаи хубест барои омӯзиш.
Дар толори барҳавои фарҳангӣ, ки барои баргузории чорабиниҳои мактабӣ муҳим дониста мешавад, хонандагони ин муассисаи таълимӣ як намоиши панду ахлоқӣ дар асоси осори гаронбаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузоштанд, ки аввалин бинандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд.
Дар ин макатаб ҳамзамон синфхонаи омӯзишии ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин ҷо хонандагон ба бофтани қолин, гулдӯзиву зардӯзӣ ва духти дигар намуди либосворӣ машғул хоҳанд шуд.
Зимни боздид аз ошхонаи мактаб Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон масъулин ва кормандони онро ҳидоят намуд, ки ба ҳолати санитарию гигиенӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд ва бо инобат гирифтани талаботи хонандагон хӯрокҳои гуногун омода созанд.
Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони аҳли ҷамоаи ноҳияи Бохтар мулоқот намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷиҳози муосири хониш тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мебошад.
Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, соли равон барои рушди соҳаи маорифи мамлакат зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта беш аз 18 фоиз зиёд буда, 5,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамонро ташкил медиҳад.
Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 725 миллион сомонӣ қариб 700 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 148 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф рушди ин бахш дар ноҳияи Бохтар низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, соли ҷорӣ афзоиши маблағгузории соҳа қариб 40 миллион сомониро ташкил намудааст.