Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он


(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, № 23-24, мод.348; соли 2003, № 8, мод.450; соли 2006, №3, мод. 153; соли 2009, №12, мод.825)


БОБИ I. Муқаррароти умумӣ
Моддаи 1. Мавзӯи танзим


Ин Қонун муносибатҳои ҳангоми офаридан ва истифодаи асарҳои илм, адабиёт ва санъат (ҳуқуқи муаллиф), фонограмма, иҷро, намоиш ва барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ (ҳуқуқҳои вобаста ба он) баамалояндаро танзим менамояд.


Моддаи 2. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он


Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз ҳамин Қонун, дигар қонунҳо, асноди қонунӣ ва меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси ҳамин Қонун қабул карда шудаанд, ҳамчунин созишномаҳои байналхалқии аз тарафи Тоҷикистон эътирофшуда иборатанд.


Моддаи 3. Мафҳумҳои асосие, ки дар ҳамин Қонун истифода мешаванд


Дар ҳамин Қонун мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
1) муаллиф - шахси воқеие, ки асар дар натиҷаи меҳнати эҷодии ӯ офарида шудааст;
2) асари аудиовизуалӣ - асаре, ки аз миқдори муайяни бо ҳам алоқаманди кадрҳо (боовоз ё беовоз) иборат буда, барои дарки биноӣ ва шунавоӣ (дар сурати боовоз будани он) тавассути дастгоҳҳои техникии дахлдор таъин шудааст; асарҳои аудиовизуалӣ аз асарҳои кинематографӣ (синамоӣ) ва ҳамаи асарҳои дигаре, ки бо васоили ба он монанд офарида шудаанд, иборат мебошад: филмҳои телевизионӣ ва видеоӣ, диафилмҳо, филмҳои слайдӣ ва ғ., сарфи назар аз тарзу усули нигориши аввалин ё минбаъдаи онҳо;
3) манбаи маълумот - маҷмӯи маълумот дар шакли хониши мошиннавис ё шакли дигар, ки аз рӯи интихоб ва ҷобаҷогузории мавод натиҷаи эҷодиёти зеҳнӣ ба ҳисоб меравад; мафҳуми манбаи маълумот ба барномаҳо барои мошини электронии ҳисоббарор (минбаъд-МЭҲ), ки бо ёрии он дастрасии электронӣ ба маводи манбаи маълумот амалӣ мегардад, дахл надорад;
4) таҷдиди асар – таҳияи як ё якчанд нусхаи асар ё қисме аз он дар ҳама гуна шакли моддӣ, аз ҷумла, дар шакли сабти овозӣ ва видеоӣ: сабти асар барои нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ, ҳамчунин ба хотираи дохилӣ ё берунии МЭҲ дохил кардани он низ таҷдид ба ҳисоб меравад;
5) фонограмма – ҳар гуна сабти сирф овозии иҷроишҳо ё дигар садоҳо ё инъикоси онҳо, ба ғайр аз сабти овоз, ки ба асари аудиовизуалӣ дохил карда шудааст;
6) таҷдиди фонограмма – таҳияи як ё якчанд нусхаи фонограмма ё қисме аз он дар ҳар гуна шакли моддӣ, ҳамчунин нигаҳдории доимӣ ё муваққатӣ дар хотираи МЭҲ ва дигар дастгоҳҳои компютерӣ;
7) сабт - нигориши овозҳо ва (ё) тасвирҳо ё инъикоси онҳо тавассути васоити техникӣ дар ягон шакли моддӣ, ки имконияти бисёркаратаи амалӣ сохтани дарк, таҷдид ё дастрас кардани онҳоро фароҳам меорад;
8) таҳиягари асари аудиовизуалӣ - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти таҳияи асарро ба ӯҳда гирифтааст; дар сурати мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар асари мазкур ба таври оддӣ сабт ёфтааст, таҳиягари асари аудиовизуалӣ ба ҳисоб меравад;                                                                                
9) истеҳсолкунандаи фонограмма - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташаббус ва масъулияти аввалини сабти овозии ягон иҷро ё дигар овозҳо, ё ин ки инъикоси овозҳоро ба ӯҳда гирифтааст,  дар сурати  мавҷуд набудани далели дигар шахсе, ки ном ё унвони ӯ дар ин фонограмма ва ё дар ғилофи  (ҷилди) он ба таври маъмулӣ сабт ёфтааст, таҳиягари фонограмма ба ҳисоб меравад;
10) ҳуқуқи комил – ҳуқуқи ба муаллиф (муаллифон) тааллуқдошта, ки асар тавассути меҳнати эҷодии ӯ (онҳо) офарида шудааст ва ҳеҷ як шахси дигар бидуни иҷозатномаи дахлдор, ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонун, наметавонад аз он истифода кунад;
11) иҷро - тавассути бозӣ, суруд, рақс дар шакли иҷрои ҳақиқӣ ё бо ёрии ягон василаи техникӣ (барномаҳои телевизион ва радио, телевизиони кабелӣ ва ғ.) пешкаш кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш; нишон додани кадрҳои асари аудиовизуалӣ аз рӯи тартиби онҳо (боовоз ё беовоз);
12) иҷрогар - актёр, овозхон, мусиқинавоз, раққос (раққоса) ё шахси дигаре, ки нақш иҷро мекунад, суруд ё матн мехонад, суханронӣ мекунад, асбоби мусиқӣ менавозад ё бо ягон тарзи дигар асари адабиёт ва санъат (аз ҷумла барномаҳои эстрада, сирк ё лухтакӣ) ва ё ифодаи фолклорро иҷро мекунад, ҳамчунин, коргардони басаҳнагузорандаи намоишнома ва дирижёр;
13) соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он:
- муаллиф ё иҷрогаре, ки ба ӯ ҳуқуқи муаллиф ё ҳуқуқҳои вобаста ба он дода шудаанд;
- шахси воқеӣ, ғайр аз муаллиф ё иҷрогар, ё шахси ҳуқуқи дар мавриде, ки чунин шахси воқеӣ ё ҳуқуқи қаблан ҳуқуқи амволиро соҳиб шуда бошад;
- шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳуқуқи амволи ба он аз рӯи мерос ё ворисият дода шуда ё гузашта бошад;
14) интишор - нашр ё ба муомилот баровардани асарҳо ё фонограммаҳо бо ризоияти муаллиф ё дигар дорандаи ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба миқдоре, ки барои қонеъ гардонидани талаботи омма кофист; зери мафҳуми интишор ҳамчунин иҷозати қонунии истифодаи асар ё фонограмма ба воситаи системаҳои электронии иттилоот фаҳмида мешавад;
15) ба эфир додан - ба омма дастрас кардани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ тавассути барномаҳои радио ва телевизион (ғайр аз телевизиони кабелӣ). Ҳангоми ба воситаи радифи маснуъ (спутник) ба маълумоти умум гузоштани асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ зери мафҳуми "ба эфир додан" қабули сигналҳо аз дастгоҳҳои заминӣ ба радиф ва таҳвили сигналҳо аз радиф, ки тавассути онҳо асар, фонограмма, иҷро, намоиш, барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ метавонад дастраси умум гардад, сарфи назар аз қабули воқеии онҳо аз ҷониби омма, фаҳмида мешавад;
16) барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ - барномае, ки аз тарафи худи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ, ҳамчунин бо фармоиш ва аз ҳисоби маблағу васоили он аз тарафи ташкилоти дигар таҳия шудааст;
17) намоиши асар - намоиши асл ё нусхаи асар бевосита ё тавассути навор, диапозитив, кадри телевизионӣ дар экран ё ба воситаи ягон василаи дигари техникӣ, ҳамчунин намоиши кадрҳои алоҳидаи асари аудиовизуалӣ бе риояи тартиби онҳо;
18) барнома барои МЭҲ - маҷмӯи дастурҳо, ки бо калимаҳо, рамзҳо, аломатҳо, нишонаҳо, диаграммаҳо ё бо ягон шакли дигар ифода ёфтаанд ва метавонанд дар МЭҲ ё дастгоҳи дигари компютерӣ бо мақсади ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ истифода шаванд. Ин мафҳум ҳам системаи амалиётӣ ва ҳам барномаи амалиро, ки дар рамзҳои ибтидоӣ ё объектӣ ифода ёфтаанд, ҳамчунин маводи тайёрӣ ва тасвирҳои аудиовизуалиро, ки дар натиҷаи таҳияи барнома барои МЭҲ ба даст омадаанд, дар бар мегирад ва ба мафҳуми "манбаи маълумот" тааллуқ надорад;
19) намоиш (иҷро)-и оммавӣ – ҳар гуна намоиши асарҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳо аз тарафи ташкилоти иттилоотӣ бевосита дар шакли асл ё нусхаи онҳо ё дар экран ба воситаи навор, слайд, кадр ё тавассути дигар васоил ё амал дар ҷой (ҷойҳо)-е, ки иҷрои онҳо метавонад мустақиман пазируфта шавад. Дар ин маврид дар ҳамон ҷой (ҷойҳо) ашхосе ширкат мекунанд ё метавонанд ширкат дошта бошанд, ки аҳли оилаи муаллиф ё хешу табори ӯ намебошанд, сарфи назар аз ин, ки онҳо дар айни вақт ва дар як ҷой ҳузур доранд ё дар вақтҳои гуногун ва ҷойҳои гуногун;
20) намоиши оммавии асари аудиовизуалӣ - намоиши тасвирҳои алоҳидаи асари аудиовизуалӣ ба шакли ғайримуназзам;
21) нусхабардорӣ (таҷдиди репрографӣ) - дар шакл ва андозаи дилхоҳ як ё якчанд маротиба нусхабардорӣ кардани нусхаҳои асл ё нусхаҳои асарҳои хаттӣ ё дигар асарҳои графикӣ бо роҳи нусхабардории аксӣ ё бо кӯмаки васоили техникии дигар, ғайр аз васоили чопӣ; нигаҳдорӣ ва таҷдиди нусхаҳои мазкур дар шакли электронӣ (аз ҷумла ададӣ), оптикӣ ё дигар шакли хониши мошиннавис ба таҷдиди репрографӣ дохил намешавад;
22) ба кироя додан - бо мақсади ба даст овардани фоидаи бевосита ё бавоситаи тиҷоратӣ ба истифодаи муваққкатӣ вогузоштани асл ё нусхаҳои асарҳо ё фонограммаҳо;
23) дастрас кардан - намоиш додан, иҷро кардан, ба эфир баровардан ё анҷом додани амали дигар (ба истиснои паҳн кардани нусхаҳои асар ё фонограмма), ки тавассути он асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ барои дарку қабули шунавоӣ ва ё биноӣ, сарфи назар аз дарки воқеии онҳо аз ҷониби омма, дастраси умум мегарданд;
24) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардан - дастрас кардани асарҳо, фонограммаҳо, иҷроҳо, намоишҳо, барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ба омма тавассути кабел, сим, нахи оптикӣ ва дигар васоили ба онҳо монанд;
25) ба маълумоти умум расонидан барои истифодаи интерактивӣ – ба маълумоти умум расонидани асарҳо ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он тарзе, ки намояндагони омма метавонанд онҳоро аз ҳар ҷой ва ҳар вақт мутобиқи интихобашон дастрас кунанд;
26) иттилоъ дар бораи одора кардани ҳуқуқҳо – ҳар гунна иттилои аз ҷониби дорандагони ҳуқуқ пешниҳодшаванда, ки асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда, муаллиф, ё дигар дорандаи ҳуқуқро муайян ( идентификатсия) менамояд, ё иттилоъ дар бораи шароити истифодаи асар ё дигар объект ва ҳар гунна рақам ва рамзҳое, ки дар онҳо чунин иттилоъ гузошта шудааст, бо вуҷуди он, ки ҳаргуна чунин ҷузъиёти иттилоъ дар нусхаи асар ё дигар объекти аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда нишон дода шудаанд, ё вобастабо хабар додан ё расонидани чунин асар ё дигар объект барои маълумоти умум пайдо мешаванд;
27) воситаҳои теҳникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он – ҳар гунна дастгоҳҳои босамари техникӣ ва қисмҳои онҳо, ки дастрасиро ба асар ё объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он назорат менамоянд ва амалҳоеро, ки нисбати асар ё объекҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он, ки  аз ҷониби дорандагони ягон ҳуқуқи аз тарафи Қонуни мазкур ҳифзшаванда иҷозат дода шудаанд, пешгирӣ ва маҳдуд мекунанд;
28) инъикоси овоз ё тасвир – шакли рақамии пешниҳоди овоз ё тасвир бо ёрии воситаҳои техники дахлдор.


БОБИ II. Ҳуқуқи муаллиф
Моддаи 4. Соҳаи амали ҳуқуқи муаллиф


Тибқи ҳамин Қонун ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои зерин дода мешавад:
1) асарҳое, ки муаллифони онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд ё дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли зисти доимӣ доранд;
2) асарҳое, ки бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд (аз ҷумла асарҳое, ки дар муддати 30 рӯзи пас аз санаи интишори аввалин дар кишвари дигар, бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расидаанд) ё асарҳое, ки ба табъ нарасида, сарфи назар аз табаият ва маҳалли зисти доимии муаллифони онҳо дар шакли муайяни объективӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
3) асарҳое, ки онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд. Дар ин ҳолат асарҳои соҳибҳуқуқони давлатҳои хориҷии иштирокчиёни санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон аз ҳифзе бархурдоранд, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад ( реҷаи миллӣ).
Ҳифзи асар дар қаламрави Тоҷикистон  мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбати асарҳое амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишваре, ки  асар эҷод шудааст, ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқи муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошад. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқи муаллифии кишваре, ки дар он асар эҷод шудааст, зиёд буда наметавонад.   (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).


Моддаи 5. Объектҳои ҳуқуқи муаллиф. Муқаррароти умумӣ


Ҳуқуқи муаллиф ба асарҳои илм, адабиёт ва санъат, ки натиҷаи фаъолияти эҷодӣ мебошанд, сарфи назар аз таъинот ва аҳамият, ҳамчунин тарзи ифодаи онҳо татбиқ мегардад. Асарҳо бояд дар ин ё он шакли объективӣ ифода ёбанд:
1) хаттӣ (дастхат, чопи мошинӣ, сабти нотаҳо ва ғ.);
2) даҳонӣ (изҳори оммавӣ, иҷрои оммавӣ ва ғ.);
3) сабти овозӣ ва видеоӣ (механикӣ, магнитӣ, ададӣ, оптикӣ ва ғ.) ;
4) тасвирӣ (расм, ангора, сурат, нақша, тасмаи кино, навори телевизион, навори видео, кадри аккосӣ ва ғ.);
5) ҳаҷмӣ ва фазоӣ (ҳайкал, намуна, амсила, сохтмон ва ғ.);
6) дигар шаклҳои қобили дарку эҳсос.
Ба ғоя, усул, ҷараён, тартиб, тарзу усул, равия, принсип, кашфиёт ва факт ҳуқуқи муаллиф татбиқ намегардад.
Ҳуқуқи муаллифӣ ба асар бо ҳуқуқи моликият ба объекти моддӣ, ки асар дар он ифода ёфтааст, вобастагӣ надорад.
Таҳвили ҳуқуқи моликият ба объекти моддӣ худ аз худ маънои таҳвили ин ё он ҳуқуқи муаллифро ба асари дар он объект ифодаёфта надорад.
Моддаи 6. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф мебошанд
Ба объектҳои ҳуқуқи муаллиф инҳо мансубанд:   
1) асарҳои шифоҳӣ (суханрониҳо, лексияҳо, маърӯзаҳо ва ғ.);                           
2) асарҳои адабиёт (адабию бадеӣ, илмӣ, таълимӣ, публитсистӣ ва ғайра, ҳамчунин тамоми намуди барномаҳо барои МЭҲ, аз ҷумла барномаҳои амалӣ ва системаҳои амалиётие, ки метавонанд дар ҳар забон ва дар ҳар шакл, инчунин дар  матни ибтидоӣ ва рамзи объектӣ таҷассум гарданд);
3) асарҳои драмавӣ ва мусиқиву драмавӣ, асарҳои сенарӣ;
4) асарҳои хореографӣ ва пантомима;
5) асарҳои мусиқӣ бо матн ва бе он;
6) асарҳои аудиовизуалӣ;
7) асарҳои тасвирӣ, ҳайкалтарошӣ, графикӣ, санъати ороишию амалӣ, дизайнӣ, ҳикояҳои тасвирӣ, комиксҳо ва дигар асарҳои санъати тасвирӣ;                                      
8) асарҳои меъморӣ, шаҳрсозӣ ва санъати богпарварӣ;       
9) асарҳои суратнигорӣ ва дигар асарҳое, ки бо усулҳои ба он монанд офарида мешаванд;
10) харита, нақша, ангора, тарҳҳои чуғрофӣ, геологӣ, заминшиносӣ ва дигар асарҳои пластикӣ, ки ба ҷуғрофия, топография ва илмҳои дигар марбутанд;
11) асарҳои маҳсулӣ (тарҷума, таҳрир, хулоса, реферат, резюме, шарҳу тавзеҳ, саҳнагузорӣ ва дигар коркардҳои асарҳои илмӣ, адабиёт ва санъат);
12) маҷмӯаҳо (энсиклопедияҳо, тазкираҳо, манбаъҳои маълумот) ва дигар асарҳои таркибӣ, ки натиҷаи меҳнати эҷодӣ буда, ба аломатҳои дар моддаи 5 ҳамин Қонун мутобиқат доранд;
13) қисмҳои асар ( аз ҷумла номи он, қаҳрамонҳо ва унсурҳои дигар), ки талаботи қисми якуми моддаи 5-ро қонеъ мегардонанд ва метавонанд дар алоҳидагӣ истифода шаванд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).
Асари маҳсулӣ ва таркибӣ, сарфи назар аз он, ки асарҳои асосӣ ё таркибии онҳо объекти ҳуқуқи муаллифанд ё не, аз ҳифзи ҳуқуқи муаллиф бархӯрдоранд.


Моддаи 7. Асарҳое, ки объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд


Ин асарҳо объекти ҳуқуқи муаллиф нестанд:
1) асноди расмӣ (қонунҳо, қарорҳои судӣ, дигар матнҳои дорои хислати қонунӣ, маъмурӣ ва судӣ), ҳамчунин тарҷумаи расмии онҳо;
2) рамзҳо ва нишонаҳои давлатӣ (Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ, орденҳо, пули миллӣ ва нишонаҳои дигари давлатӣ);
3) хабарҳо оид ба ҳодисаву фактҳое, ки хислати иттилоотӣ доранд;
4) асарҳои эҷодиёти халқ.


Моддаи 8. Субъектҳои ҳуқуқи муаллиф


Субъекти ҳуқуқи муаллиф худи муаллиф мебошад.
Муаллиф шахсест, ки ҳангоми интишори асар номи ӯ ҳамчун муаллиф дар нусхаи асари интишорёфта, дар дастхат ё дар нусхаи аслии асари санъат қайд гардидааст.
Моддаи 9. Ба вуҷуд омадани ҳуқуқи муаллиф. Эътирофи муаллифият
Ҳуқуқи муаллиф ба асари илм, адабиёт ва санъат аз лаҳзаи эҷоди он ба миён меояд. Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқи муаллиф бақайдгирӣ, ба таври махсус ба расмият даровардани асар ё риояи ин ё он расмиятгароӣ шарт нест.
Соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи асар сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад:
1) ҳарфи лотинии "С", ки дар дохили доира аст (С);
2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқи комили муаллиф;
3) соли нашри аввали асар.
Дар сурати мавҷуд набудани далелҳои дигар муаллифи асар шахсе ҳисоб меёбад, ки дар асл ва ё нусхаи асар ба сифати муаллиф сабт ёфтааст.
Дар сурати беимзо ва ё таҳти имзои мустаор нашр гардидани асар (ғайр аз ҳолатҳое, ки тахаллуси муаллиф барои шахсияти ӯ шубҳаовар нест) ношире, ки ному унвони он дар асар сабт ёфтааст, ҳангоми мавҷуд набудани далелҳои дигар, намояндаи муаллиф ҳисоб меёбад ва ба ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва амалӣ сохтани он ҳақ дорад. Ин ҳолат то замоне амал мекунад, ки муаллифи асари мазкур шахсият ва муаллифияти худро маълум накунад.
Соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ё шахсоне, ки дорои ягон навъ салоҳияти комил ба асар мебошанд, барои дарёфти шаҳодатномаи муаллифӣ ба асари нашршуда ё нашрнашуда, дар бораи факт ва санаи нашри асар ё шартномаҳое, ки ба ҳуқуқи муаллиф марбутанд, метавонанд бо тартибе, ки аз тарафи мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқи вобаста ба он (минбаъд - мақоми ваколатдор) муайян карда мешавад, дар давоми тамоми мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз қайд гузаранд.
Соҳиби объекти моддӣ, ки асар дар он ифода ёфтааст, ба шахсе, ки соҳиби ҳуқуқи муаллиф мебошад, дар бақайдгирии асар монеъ шуда наметавонад.


Моддаи 10. Ҳаммуаллифӣ


Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки маҳсули эҷодии ду ва ё зиёда шахсон ҳисоб меёбад (ҳаммуаллифӣ), муштаракан ба ҳамаи муаллифони он тааллуқ дорад, сарфи назар аз он, ки асари мазкур як ҷузъи томи тақсимнопазирро ташкил мекунад ва ё аз қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил таркиб ёфтааст.
Қисме аз асар дар сурате дорои аҳамияти мустақил эътироф мешавад, ки агар он сарфи назар аз қисматҳои дигари асар қобили истифода бошад.
Ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқҳои шахсии амволӣ ва ғайриамволии худро ба қисматҳои ҷудогонаи дорои аҳамияти мустақил, ки муаллифи он мебошад, нигоҳ медорад, ба шарте ки аз рӯи созишномаи байниҳамдигарии онҳо чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Шахсоне ҳаммуаллиф пазируфта намешаванд, ки ба муаллиф танҳо кӯмакҳои техникӣ, ташкилӣ, молиявӣ ва ғайра расонидаанд, зеро ин амал фаъолияти эҷодӣ маҳсуб намегардад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).
Муносибатҳои байниҳамдигарии ҳаммуаллифон метавонанд тибқи созишномаи онҳо муайян карда шаванд. Ҳангоми мавҷуд набудани чунин созишнома ҳуқуқи муаллиф ба асар аз тарафи ҳамаи муаллифон якҷоя амалӣ мегардад ва ҳаққи қалам дар байни ҳаммуаллифон баробар тақсим карда мешавад.
Агар асари ҳаммуаллифон як ҷузъи тому қисматнопазирро ташкил диҳад, ҳеҷ яке аз ҳаммуаллифон бе сабабҳои асосноки кофӣ наметавонад истифодаи асарро манъ кунад.
Агар дар созишномаи байни ҳаммуаллифон чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳар яке аз ҳаммуаллифон ҳуқуқ дорад аз номи худ, аз ҷумла бе гирифтани иҷозати ҳаммуаллифони дигар, мутобиқи нишондоди Қонуни мазкур  ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқҳо нисбат ба асар тадбирҳо андешад. Ҳаммуаллифе, ки чунин тадбирҳо меандешад, вазифадор аст ҳаммуаллифони дигарро огоҳ намояд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).


Моддаи 11. Ҳуқуқи муаллифии мураттибони маҷмӯаҳо ва дигар асарҳои таркибӣ


Мураттиби маҷмӯаҳо ва дигар асарҳои таркибӣ барои интихоб ва ҷобаҷогузории маводе, ки аз тарафи вай анҷом дода шудааст ва натиҷаи меҳнати эҷодӣ (мураттибӣ) ҳисоб меёбад, дорои ҳуқуқи муаллиф мебошад.
Мураттиб дар сурате метавонад аз ҳуқуқи муаллиф истифода намояд, ки ҳуқуқи муаллифони ҳар яке аз асарҳои дар асари таркибӣ ҷойдодашударо риоя намояд.
Муаллифоне, ки асарҳояшон ба асари таркибӣ дохил карда шудаанд, метавонанд аз асарҳои худ, сарфи назар аз асари таркибӣ, истифода кунанд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Ҳуқуқи муаллиф ба маҷмӯаи асарҳое, ки мавзӯи ҳуқуқи ягон муаллиф намебошанд, аз ҷумла қонунҳо, қарорҳои судӣ, асноди расмии дигар, сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳо ва дигар асарҳое, ки тавассути ҳуқуқи муаллиф ҳифз намешаванд, ба мураттибони он дар сурате тааллуқ дорад, ки онҳо маводи ба маҷмӯа ҷойдодашударо мустақилона таҳрир ё мураттаб кардаанд.
Ҳуқуқи муаллифии мураттиб наметавонад ба шахсони дигар дар интихобу ҷобаҷогузории мустақилонаи маводи дар маҷмӯа ҷойдошта бо мақсади мураттаб сохтани асарҳои таркибии худашон монеъ гардад.
Ношири энсиклопедияҳо, луғатҳои энсиклопедӣ, маҷмӯаҳои корҳои илмии даврӣ ва бардавом, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ дорои ҳуқуқи комили истифодаи ин нашрияҳо мебошад. Ҳангоми ҳар гуна истифодаи чунин нашрияҳо ношир ҳақ дорад унвони худро зикр намояд ва ё зикри онро талаб кунад. Муаллифони асарҳое, ки ба чунин нашрияҳо дохил карда шудаанд, ҳуқуқи комили худро барои истифодаи асарҳои худ, сарфи назар аз нашрия, нигоҳ медоранд, ба шарте ки дар шартномаи муаллифӣ чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.


Моддаи 12. Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ


Ба тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ ҳуқуқи муаллиф барои тарҷума таҳрир, таҳия ва дигар навъи коркарди асар тааллуқ дорад.
Тарҷумон ва муаллифи дигар асари маҳсулӣ дар сурате аз ҳуқуқи муаллиф истифода мекунад, ки агар ҳуқуқи муаллифи асари тарҷумашуда, таҳрирёфта, таҳияшуда ё таҳти навъи коркард қароргирифта аз тарафи ӯ риоя карда шавад.
Ҳуқуқи муаллифии тарҷумонҳо ва муаллифони дигар асарҳои маҳсулӣ барои шахсони дигар дар мавриди тарҷума ва коркарди нави ҳамон асарҳо монеъ намешавад.


Моддаи 13. Ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуалӣ


Шахсони зерин муаллифи асари аудиовизуалӣ мебошанд:
режиссёри таҳиягар;
муаллифи сенарий;
муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он), ки махсус барои ҳамон асари аудиовизуалӣ офарида шудааст (бастакор).
Бастани шартнома роҷеъ ба офаридани асари аудиовизуалӣ аз тарафи муаллифони ҳамин асар ба таҳиягари асари аудиовизуалӣ таҳвил додани ҳуқуқи комилро барои таҷдид, паҳн кардан, иҷрои оммавӣ, тавассути пахши кабелӣ дастраси омма кардан, ба эфир додан ва тамоми дигар навъҳои дастраси омма кардани асари аудиовизуалӣ, ҳамчунин ҳуқуқи бо зернавис (субтитрҳо) ва дубляж таъмин намудани асари аудиовизуалиро пешбинӣ менамояд, агар дар шартномаи басташуда чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад. Ин ҳуқуқ дар давоми мӯҳлати эътибори ҳуқуқи муаллиф ба асари аудиовизуалӣ амал мекунад.
Таҳиягари асари аудиовизуалӣ ҳақ дорад, ки дар ҳамаи мавридҳои истифодаи асар ном ё унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.
Ҳангоми иҷрои оммавии асари аудиовизуалӣ муаллифи асари мусиқӣ (бо матн ва бидуни он) ҳуқуқи худро ба ҳаққи қалам барои иҷрои оммавии асари мусиқиаш нигоҳ медорад.
Муаллифи асарҳои ҳам қисми таркибии асари аудиовизуалӣ, ҳам асарҳои қаблан мавҷудбуда (муаллифи романе, ки дар асоси он сенарий таҳия шудааст ва ғ.), ҳам асарҳои дар ҷараёни кор бо онҳо офаридашуда (коргардони таҳиягар, рассоми таҳиягар ва ғ.) ҳар яке дорои ҳуқуқи муаллиф ба асари худ мебошанд.


Моддаи 14. Ҳуқуқи муаллиф ба асари хизматӣ


Ҳуқуқҳои шахсии ғайриамволӣ ба муаллифи асаре, ки онро зимни иҷрои вазифа ё супориши хизматӣ эҷод кардааст (асари хизматӣ), тааллуқ доранд.
Ҳуқуқи комили истифода аз асари хизматӣ танҳо ба шахсе тааллуқ дорад, ки бо муаллиф дар муносибатҳои меҳнатӣ қарор дорад (корфармо), агар дар шартномаи байни ӯ ва муаллиф чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Агар корфармо асари аз рӯи фармоиши худаш офаридашударо дар муддати се соли баъди дастрас шудани он истифода накунад, тамоми ҳуқуқи истифода аз асар ба муаллиф мегузарад.
Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифода аз асари хизматӣ ва тартиби пардохти музди он тавассути шартномаи байни муаллиф ва корфармо муқаррар карда мешавад.
Корфармо ҳақ дорад, ки зимни ҳар истифодаи асари хизматӣ унвони худро зикр намояд ё зикри онро талаб кунад.
Агар энсиклопедияҳо, луғатҳои энсиклопедӣ, маҷмӯаи корҳои илмии даврӣ ва бардавом, рӯзнома, маҷалла ва дигар нашрияҳои даврӣ, ки дар қисми шашуми моддаи 11 ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, зимни иҷрои вазифаҳо ва супоришҳои хизматӣ офарида шаванд, қоидаҳои ҳамин модда ба онҳо татбиқ намегарданд.


Моддаи 15. Ҳуқуқи шахсии ғайриамволии муаллифон


Ба муаллиф нисбати асари ӯ чунин ҳуқуқи шахсии ғайриамволӣ дода мешавад:
1) ҳуқуқи эътирофи муаллифият ба асари офаридашуда (ҳуқуқи муаллифият);
2) ҳуқуқи истифода ё иҷозати истифодаи асар бо номи ҳақиқии муаллиф, тахаллуси ӯ ва ё бе зикри ном, яъне беимзо (ҳуқуқи ном);
3) ҳуқуқи интишор ё иҷозати интишори асар дар ҳар шакл (ҳуқуқи интишор), аз ҷумла ҳуқуқи бозхонд;
4) ҳуқуқи ҳифзи асар, аз ҷумла унвони он аз ҳар гуна таҳрифкорӣ ва дигар навъи дахолат, ки метавонад ба номус ва шаъни муаллиф зарар расонад (ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф);
5) ҳуқуқи дахлнопазирии асар.
Муаллиф ҳақ дорад, ки аз қарори қаблан қабулшуда доир ба нашри асар даст кашад (ҳуқуқи бозхонд), ба шарте ки ба истифодабаранда ҳама гуна зарари дар натиҷаи чунин қарор бамиёномадаро ҷуброн намояд. Агар асар аллакай нашр шуда бошад, муаллиф бояд дар бораи бозхонди он ошкор эълон намояд. Дар ин маврид ӯ аз ҳисоби худ нусхаҳои дар муомилотбудаи асари худро харида мегирад.
Муқаррароти қисми дуюми ҳамин модда ҳангоми таълифи асарҳои хизматӣ татбиқ намегарданд.
Ҳуқуқи шахсии ғайриамволии муаллиф ба ӯ, сарфи назар аз ҳуқуқи амволӣ, тааллуқ дорад ва дар ҳолати таҳвили ҳуқуқи комили истифодаи асар нигоҳ дошта мешавад.


Моддаи 16. Ҳуқуқҳои амволии муаллиф


Ба муаллиф нисбати асари ӯ ҳуқуқи комили истифодаи асар дар ҳама гуна шаклу тарз дода мешавад ва ин чунин маънӣ дорад, ки муаллиф амалҳои зеринро иҷро намояд ва ё ба иҷрои онҳо иҷозат диҳад:
1) таҷдиди асар (ҳуқуқи таҷдид);
2) паҳн кардани нусхаҳои асар бо ҳар тарз: фурӯхтан, ба кироя додан ва ғ. (ҳуқуқи паҳнкунӣ);
3) ворид кардани нусхаҳои асар бо мақсади паҳнкунӣ, аз ҷумла нусхаҳое, ки бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил таҳия шудаанд (ҳуқуқи воридот);
4) намоиши оммавии асар (ҳуқуқи намоиши оммавӣ);
5) иҷрои оммавии асар (ҳуқуқи иҷрои оммавӣ);
6) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи пахши эфирӣ ва (ё) пахши минбаъдаи эфирӣ (ҳуқуқи пахши эфирӣ);
7) ба омма дастрас кардани асар (аз ҷумла намоиш додан, иҷро ё ба эфир додан) ба воситаи кабел ё тавассути дастгоҳҳои дигари ба он монанд (ҳуқуқи пахши кабелӣ);
8) тарҷумаи асар (ҳуқуқи тарҷума);
9) таҷдиди коркард, аранжировка ва ё навъи дигари коркард (ҳуқуқи коркард);
10) ба маълумоти умум расонидани асар барои истифодаи интерактивӣ (ҳуқуқи ба маълумоти умум расонидан).
Ҳуқуқи комили муаллиф ба истифодаи лоиҳаҳои дизайнӣ, меъморӣ, шаҳрсозӣ ва боғпарварӣ татбиқ намудани чунин лоиҳаҳоро дар бар мегирад. Муаллифи лоиҳаи меъмории қабулшуда ҳақ дорад, ки аз фармоишгар ҳуқуқи ширкатро дар амалӣ сохтани лоиҳаи худ ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳо барои сохтмон ва зимни сохтани бинову иншоот талаб намояд, ба шарте ки дар шартнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Агар нусхаҳои асари қонунан чопшуда тавассути фурӯш ба муомилот бароварда шуда бошанд, паҳнкунии минбаъдаи онҳо метавонад бидуни ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф анҷом дода шавад. Дар ин маврид ба муаллифон ё дигар соҳибони ҳуқуқи муаллифии асарҳои аудиовизуалӣ, барномаҳои МЭҲ, манбаъҳои маълумот, асарҳои мусиқии нотавӣ ва асарҳое, ки дар фонограммаҳо сабт ёфтаанд, ҳуқуқи ба кироя додани асл ё нусхаҳои чунин асарҳо, сарфи назар аз мансубияти ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои асл ва ғайриаслӣ, ки ба кироя дода мешаванд, нигоҳ дошта мешавад.
Муаллиф ба гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи асараш ҳуқуқ дорад (ҳуқуқ ба ҳаққи қалам). Андоза ва тартиби ҳисоби ҳаққи қалами муаллиф барои ҳар як навъи истифодаи асар аз тарафи шахсони дигар дар шартномаи муаллифӣ, ҳамчунин шартномаҳое, ки байни ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқи амволии муаллифон ва истифодабарандагони асар баста мешаванд, муқаррар карда мешавад.
Маҳдудиятҳои ҳуқуқҳои дар қисми якум ва дуюми моддаи мазкур зикргардида бо модаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун муқаррар карда мешаванд, ба шарте ки чунин маҳдудиятҳо ба истифодаи дурусти асар зарари беасос нарасонанд ва манфиатҳои қонунии муаллифро беасос халалдор накунанд.  


Моддаи 17. Мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф


Ҳуқуқи муаллиф дар давоми тамоми ҳаёти муаллиф эътибор дорад, ба мерос мегузарад ва ғайр аз ҳолатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, дар давоми панҷоҳ соли пас аз фавти муаллиф амал мекунад.
Ҳуқуқи муаллифият, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф бемӯҳлат ҳифз мешавад.
Муаллиф ҳақ дорад мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун шахсеро муайян намуда, ба ӯ ваколати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори худро пас аз маргаш вогузорад. Ин шахс ваколатҳои худро умрбод амалӣ месозад.
Ҳангоми мавҷуд набудани чунин шахс ҳифзи ҳуқуқи муаллифият, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф аз тарафи ворисони ӯ амалӣ карда мешавад, дар сурати набудани ворисон ва ё қатъ гардидани ҳуқуқи муаллифии онҳо ҳифзи ҳуқуқҳои мазкур аз тарафи мақоми ваколатдор амалӣ мегардад.
Ҳуқуқи муаллиф ба асари ҳаммуаллифӣ дар давоми тамоми ҳаёти муаллифон ва панҷоҳ соли пас аз фавти муаллифи охирин амал мекунад.
Ҳуқуқи муаллиф ба асари беимзо ё бо номи мустаор нашргардида дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад. Агар дар давоми мӯҳлати муқарраршуда муаллифи асаре, ки беимзо ё бо номи мустаор ба табъ расидааст, шахсияти худро ошкор намояд ва ё шахсияти ӯ шубҳаовар набошад, муқаррароти қисми якуми ҳамин модда татбиқ мегардад.
Ҳуқуқи муаллиф ба асаре, ки бори аввал дар давоми сӣ соли пас аз фавти муаллиф ба табъ расидааст, дар давоми панҷоҳ соли пас аз нашри қонунии он амал мекунад.
Ҳисоби мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқӯъ омадани факти ҳуқуқие, ки ба оғози мӯҳлат асос мегарданд, шурӯъ мешавад.
Ҳангоми таъмини ҳифзи асар мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқи муаллиф аз мӯҳлати муқаррарнамудаи мамлакате, ки дар он асар офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.


Моддаи 18. Оқибатҳои қатъи мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф


Қатъи мӯҳлати амали ҳуқуқи муаллиф маънои ба сарвати ҷамъиятӣ табдил ёфтани асарро дорад.
Асарҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ вақт ҳифз карда намешуданд, низ ба сарвати ҷамъиятӣ табдил меёбанд.
Асарҳое, ки ба сарвати ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд, метавонанд аз тарафи ҳар шахс бе пардохти ҳаққи қалами муаллифӣ истифода шаванд. Дар ин сурат ҳуқуқи муаллифият, ҳуқуқи ном ва ҳуқуқи ҳифзи эътибори муаллиф, ки дар ҳамин моддаи 15 Қонун пешбинӣ шудааст, бояд риоя гардад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад барои истифодаи асарҳои ба сарвати ҷамъиятӣ  табдилёфта дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон музд муқаррар намояд, ки он ба Хазинаҳои касбии муаллифон, ҳамчунин ташкилотҳое, ки ҳуқуқи амволии муаллифонро дар асоси дастҷамъӣ идора мекунанд, пардохта мешавад. Андозаи чунин музд набояд аз 1 фоизи даромади аз истифодаи чунин асарҳо бадастомада зиёд бошад.


Моддаи 19. Таҷдиди асар бо мақсадҳои шахсӣ бе иҷозати муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф


Таҷдиди асари қонунан интишорёфтаи шахси дигар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф фақат барои қонеъ гардонидани талаботи шахсӣ мумкин аст, ба шарте ки дар ин маврид истифодаи муътадили асар вайрон нагардад ва манфиатҳои қонунии муаллиф, ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 39 ҳамин Қонун, поймол нагарданд.
Муқаррароти ҳамин модда дар ҳолатҳои зерин истифода намешавад:
1) таҷдиди асарҳои меъморӣ дар шакли биноҳо ва иншооти ба он монанд;
2) таҷдиди манбаъҳои маълумот ё қисматҳои муҳими онҳо;
3) таҷдиди барномаҳо барои МЭҲ, ба истиснои ҳолатҳое, ки дар моддаи 24 ҳамин Қонунпешбинӣ гардидаанд;
4) пурра аз нав чоп кардани нусхаи китобҳо ва матни нотаҳо.
5) ҳар як таҷдиди беиҷозати асар, ки ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ расонида шудааст.


Моддаи 20. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф, вале бо нишон додани номи муаллифи асар ва манбаи иқтибос


Бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф, вале бо нишон додани ҳатмии номи муаллифи асари истифодашаванда ва манбаи иқтибос, анҷом додани амалҳои зерин мумкин аст:
1) иқтибос дар асл ва дар тарҷума бо ҳадафҳои илмӣ, тадқиқотӣ, мубоҳисавӣ, танқидӣ ва иттилоотӣ аз асарҳои қонунан интишорёфта дар ҳаҷме, ки ҳадафи иқтибос тақозо мекунад аз ҷумла таҷдиди порчаҳо аз мақолаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо дар шакли шарҳу хулосаҳои матбуот;
2) истифодаи асарҳои қонунан интишорёфта ва қисматҳои алоҳидаи онҳо ба сифати тасвиру намунаҳо дар нашрияҳо, барномаҳои радио ва телевизион, сабтҳои овозӣ ва видеоии характери таълимидошта, - дар ҳаҷме, ки ҳадафи гузошташуда тақозо мекунад;
3) дар матбуот, дар барномаҳои пахши эфирӣ ва кабелӣ барои маълумоти умум таҷдид намудани мақолаҳои дар рӯзномаҳову маҷаллаҳо қонунан чопшуда роҷеъ ба масъалаҳои ҷории иқтисодӣ, сиёсӣ ва динӣ, ба шарте ки чунин амалҳо аз тарафи муаллиф махсус манъ нашуда бошад;
4) таҷдиди суханрониҳо, муроҷиатномаҳо, маърӯзаҳо ва асарҳои амсоли онҳо дар матбуот барномаҳои эфирӣ ва хабарҳои кабелӣ барои маълумоти умум, - дар ҳаҷме ки ҳадафи иттилоотӣ тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои чоп кардани чунин асарҳо дар маҷмӯаҳо нигоҳ дошта мешавад;
5) тавассути суратҳо, бо роҳи барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ таҷдид ё ба омма дастрас кардани асарҳо роҷеъ ба ҳодисаҳои маълуми ҷорӣ дар шарҳу хулосаҳои ҳодисаҳои ҷорӣ ҳаҷме, ки ҳадафи иттилоотӣ тақозо мекунад. Дар ин маврид ҳуқуқи муаллиф барои дар маҷмӯаҳо чоп кардани чунин асарҳо нигоҳ дошта мешавад;
6) таҷдиди асарҳои қонунан нашршуда бидуни гирифтани фоида бо навъи хати нуқтагии барҷаста ва дигар тарзҳои махсус барои нобиноён, - ғайр аз асарҳое, ки махсус барои чунин тарзҳои таҷдид офарида шудаанд;
7) бе гирифтани фоида як адад нусхабардорӣ кардани:
а) асари қонунан нашршуда аз тарафи китобхонаву бойгониҳо барои барқарор ё иваз намудани нусхаҳои вайроншуда ва гумшуда, пешкаш намудани нусхаҳои асар ба китобхонаҳои дигар, ки бо сабабҳои гуногун асарҳоро аз хазинаи худ гум кардаанд, - агар ба даст овардани чунин нусха бо роҳи дигар имконнопазир бошад;
б) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо аз дигар нашрияҳои даврӣ нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан нашршудаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи китобхонаҳо ва бойгониҳо бо талабу дархости шахсони воқеӣ барои мақсадҳои таълимӣ ва таҳқиқотӣ;
в) мақолаҳои ҷудогона ва асарҳои ҳаҷман хурди қонунан дар маҷмӯаҳо, рӯзномаҳо ва дигар нашрияҳои даврӣ нашршуда, порчаҳои хурд аз асарҳои қонунан интишорёфтаи хаттӣ (бо тасвирҳо ва бе он) аз тарафи муассисаҳои маориф барои машғулиятҳои таълимӣ.


Моддаи 21. Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф


Истифодаи асар бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва бе пардохти ҳаққи қалами муаллиф дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
1) таҷдид, ба эфир додан ё тавассути кабел ба омма дастрас кардани асарҳои меъмори суратгирӣ, санъати тасвирӣ, ки ҳамеша дар ҷойҳои дастраси умум қарор доранд, ғайр аз ҳолатҳое, ки тасвири асар ҷузъи асосии чунин таҷдид, барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ мебошад ё тасвири асар бо мақсадҳои тиҷоратӣ истифода мешавад;
2) иҷрои оммавии асарҳои мусиқӣ ҳангоми маросимҳои расмӣ ва динӣ, ҳамчунин маросими дафн, - дар ҳаҷме, ки хислати чунин маросимҳо тақозо мекунад;
3) таҷдиди асарҳо барои мурофиаи судӣ, - дар ҳаҷме, ки мақсади мазкур тақозо мекунад;
4) аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфирӣ сабт намудани истифодаи кутоҳмуддати асаре, ки ташкилот ҳуқуқӣ ба эфир додани онро соҳиб шудааст, - ба шарте ки чунин сабт аз тарафи ташкилоти пахши барномаҳои эфирӣ бо кумаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он сурат гирад. Дар ин маврид чунин ташкилот вазифадор аст, ки сабти мазкурро дар муддати шаш моҳи баъди таҳия шудани он нобуд созад, - агар барои муддати аз он бештари истифода бо муаллифи асари сабтшуда мувофиқа ба даст наомада бошад. Агар сабт хислати сирф ҳуҷҷатӣ дошта бошад, он метавонад бидуни ризоияти муаллиф дар бойгониҳои расмӣ нигоҳ дошта шавад.


Моддаи 22. Ҳуқуқи рухсати истифодаи асарҳои санъати тасвирӣ. Ҳуқуқи пайгирӣ


Муаллифи асари санъати тасвири ҳақ дорад аз соҳиби асар имконияти амалӣ сохтани ҳуқуқи таҷдиди асари худро талаб кунад (ҳуқуқи рухсат). Дар ин маврид аз соҳиби асар ба муаллиф бурда расонидани онро талаб кардан мумкин нест.
Аз муаллиф ба шахси дигар гузаштани ҳуқуқи моликият ба асари саньати тасвирӣ (пулакӣ ё ройгон) маънои фурӯши аввалини ин асарро дорад.
Дар ҳар як ҳолати аз нав фурӯхта шудани асари санъати тасвирӣ ба таври расмӣ (дар музояда, галереяи санъати тасвирӣ, толори рассомӣ, мағоза ва ғ.) муаллиф ҳуқуқи аз фурӯшанда гирифтани ҳаққи қаламро ба андозаи 5 фоизи қимати фурӯши такрорӣ дорад (ҳуқуқи пайгирӣ). Ин ҳуқуқ бегона карда намешавад ва танҳо ба ворисони муаллиф аз рӯи қонун ба муддати амали ҳуқуқи муаллиф мегузарад.


Моддаи 23. Ҳифзи манфиатҳои шахсе, ки дар асар тасвир ёфтааст


Интишор, таҷдид ва паҳн намудани асари санъати тасвирӣ, ки дар он шахси дигар тасвир ёфтааст, танҳо бо ризоияти шахси тасвиршуда ва пас аз фавти ӯ - бо ризоияти ворисони навбати аввал имконпазир аст. Агар шахс ба ивази музди муайян аз рӯи шартнома тасвир шуда бошад, чунин ризоият лозим нест.


Моддаи 24. Таҷдиди озоди барномаҳо барои МЭҲ ва манбаъҳои маълумот. Густурдани барномаҳо барои МЭҲ


Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мебошад, ҳақ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловагӣ корҳои зеринро анҷом диҳад:
ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот тағйироте дохил намояд, ки он фақат бо мақсадҳои фаъолияти вай дар васоили техникии истифодабаранда амалӣ мешавад, ҳар гуна амалеро иҷро намояд, ки бо фаъолияти барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот мувофиқи таъиноти он вобаста аст, аз ҷумла, сабт ва нигаҳдорӣ дар хотираи МЭҲ, ки барои як МЭҲ ё истифодабарандаи як шабака мумкин аст, ба шарте ки дар шартнома бо муаллиф чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
нусхаи барномаро барои МЭҲ ё манбаи маълумот таҳия намояд, ба шарте ки ин нусха барои мақсадҳои ба бойгонӣ супоридан ё иваз кардани нусхаи аслии барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумоте, ки гум шудааст, ё ғайри қобили истифода гардидааст, таъин гардад. Дар ин маврид нусхаи барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот, агар соҳибияти минбаъда ба ин барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот ғайриқонунӣ гардад, бояд нобуд карда шавад.
Шахсе, ки қонунан соҳиби нусхаи барнома барои МЭҲ мебошад, ҳақ дорад, ки бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи комил ва бе пардохти ҳаққи қалами иловагӣ рамзи объектиро ба матни ибтидоӣ табдил диҳад ва таҷдид намояд (барномаи МЭҲ-ро густариш диҳад) ё анҷоми ин амалро ба шахси дигар вогузор намояд, ба шарте ки он барои ба даст овардани қобилияти ба фаъолияти мутақобилаи барномаи аз тарафи ин шахс мустақилона таҳияшуда бо барномаҳои дигар, ки метавонанд бо барномаи густурдашуда дар фаъолияти мутақобила бошанд. Дар ин мавриди риояи шартҳои зерин зарур аст:
1) маълумоте, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила зарур аст, қаблан ба ин шахс аз манбаъҳои дигар дастрас нашуда бошад;
2) амалҳои мазкур танҳо барои он қисматҳои барномаи густурдашудаи МЭҲ татбиқ мешаванд, ки барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобила заруранд;
3) маълумоте, ки дар натиҷаи густариш ҳосил мешавад, метавонад фақат барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар истифода шавад: он наметавонад ба шахси дигар таҳвил дода шавад, ғайр аз ҳолатҳое, ки чунин амал барои ба даст овардани қобилият ба фаъолияти мутақобилаи барномаи мустақилона таҳияшудаи МЭҲ бо барномаҳои дигар зарур бошад, ҳамчунин он наметавонад барои таҳияи барномаи МЭҲ, ки аз рӯи шаклу намуди худ бо барномаи густурдашудаи МЭҲ хеле монанд аст ва ё барои амалӣ сохтани ҳар гуна амали дигар, ки ҳуқуқи муаллифиро вайрон мекунад, истифода гардад.
Татбиқи муқаррароти ин модда набояд барои истифодаи мӯътадили барномаи МЭҲ ё манбаи маълумот зарари беасос расонад ва набояд манфиатҳои қонунии муаллиф ё дигар шахси соҳиби ҳуқуқи комилро ба барнома барои МЭҲ ё манбаи маълумот беасос поймол созад.


Моддаи 25. Шартномаи муаллифӣ. Таҳвили ҳуқуқҳои амволӣ


Ҳуқуқи амволие, ки дар моддаи 16 ҳамин Қонун зикр ёфтаанд, ба истиснои ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21, 24 ва 39 ҳамин Қонун пешбинигардида, метавонанд танҳо аз рӯи шартномаи муаллифӣ пурра ё қисман таҳвил дода шаванд.
Таҳвили ҳуқуқи амволӣ метавонад комил ё ғайрикомил бошад (иҷозатномаи комил ва ғайрикомил).
Шартномаи муаллифӣ доир ба таҳвили ҳуқуқҳои комил истифодаи асарро аз рӯи тарзу усулҳои муайян ва дар ҳудуди бо шартнома муқарраргардида танҳо барои шахсе иҷозат медиҳад, ки ин ҳуқуқҳо ба ӯ таҳвил дода мешавад ва чунин шахс ҳақ дорад, ки истифодаи асарро бо ҳамин усул аз тарафи шахсони дигар манъ кунад (иҷозатномаи комил).
Ҳуқуқи манъи истифодаи асарро аз тарафи шахсони дигар муаллифи асар низ метавонад амалӣ созад, агар шахсе, ки ба ӯ ҳуқуқҳои комил дода шудааст, ин ҳуқуқро ҳимоя накунад.
Шартномаи муаллифӣ роҷеъ ба таҳвили ҳуқуқи ғайрикомил истифодаи асарро дар баробари соҳиби ҳуқуқҳои комил ба истифодабаранда ва (ё) шахсони дигар, ки бо ҳамин тарз дар бораи истифодаи асар иҷозат гирифтаанд, иҷозат медиҳад (иҷозатномаи ғайрикомил).
Ҳуқуқе, ки аз рӯи шартномаи муаллифӣ таҳвил дода мешавад, ғайрикомил ба ҳисоб меравад, агар дар шартнома мустақиман чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад.


Моддаи 26. Шартҳои шартномаи муаллифӣ


Шартномаи муаллифӣ бояд чунин шартҳоро пешбинӣ намояд: тарзу усулҳои истифода аз асар (ҳуқуқҳои мушаххас, ки аз рӯи ин шартнома таҳвил дода мешаванд); мӯҳлат ва ҳудуде, ки ҳуқуқҳо таҳвил дода мешаванд; андозаи ҳаққи қалам ва ё тартиби муайян намудани андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз асар, тартиб ва мӯҳлатҳои пардохти он.
Дар сурати дар шартномаи муаллифӣ зикр нашудани шартҳои мӯҳлати таҳвили ҳуқуқ шартнома метавонад пас аз панҷ соли санаи ба имзо расиданаш аз тарафи муаллиф бекор карда шавад, агар истифодабаранда шаш моҳ пеш аз бекор карда шудани шартнома ба таври хаттӣ огоҳкарда шуда бошад.
Дар сурати дар шартномаи муаллифӣ зикр нашудани шарти истифодаи он дар ҳудуди муайяне, ки ҳуқуқ таҳвил мегардад, амали ҳуқуқи аз рӯи шартномаи таҳвилшаванда дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд мегардад.
Ҳамаи ҳуқуқҳои дигар ба истифодаи асар, ки таҳвили онҳо бевосита дар шартномаи муаллифӣ зикр нагардидааст, таҳвилдоданашуда ҳисоб мешавад.
Ҳуқуқҳои истифодаи асаре, ки то рӯзи баста шудани шартномаи номаълум аст, мавзӯи шартномаи муаллифӣ шуда наметавонад.
Ҳаққи қалам дар шартномаи муаллифӣ ба таври фоизи муайян аз даромади тарзи истифодаи асар ва ё агар амалӣ сохтани он бо сабаби хислати асар ва ё хусусиятҳои истифодаи он имконнопазир бошад, ба таври маблағи устувор ва ё бо ягон тарзи дигар, вале на камтар аз андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф муқаррар карда мешавад.
Андозаҳои ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва ҳамзамон бо индексатсияи андозаҳои ҳадди ақали музди меҳнат индексатсия карда мешаванд.
Агар дар шартномаи муаллифӣ роҷеъ ба табъу нашр ва ё тарзи дигари таҷдиди он ҳаққи қалам ба сурати маблағи устувор муайян гардида бошад, пас дар шартнома бояд ҳадди аксари адади нашри нусхаҳои асар муқаррар карда шавад.
Ҳуқуқҳои тибқи шартномаи муаллифӣ таҳвилгардида метавонад ба шахсони дигар танҳо дар ҳолатҳо ва ҳаҷме таҳвил гардад, ки бевосита дар шартномаи муаллифӣ пешбинӣ шудааст.
Тамоми ҳуқуқҳои истифодаи асар, ки бо шартномаи муаллифӣ таҳвил нагардидааст, ба муаллиф тааллуқ дорад.   
Ҳуқуқҳои истифода аз асарҳое, ки муаллиф дар оянда меофарад, мавзӯи шартномаи муаллифӣ шуда наметавонад.
Шартҳои шартномаи муаллифӣ, ки имконият ва ҳуқуқи муаллифро барои дар оянда дар мавзӯъ ё соҳаи муайян офаридани асар маҳдуд мегардонанд, эътибор надоранд.
Шартҳои шартномаи муаллифие, ки бо муқаррароти ҳамин Қонун мухолифанд, эътибор надоранд.


Моддаи 27. Шакли шартномаи муаллифӣ


Шартномаи муаллифӣ бояд дар шакли хаттӣ баста шавад. Шартномаи муаллифӣ барои истифодаи асар дар нашрияҳои даврӣ метавонад дар шакли шифоҳӣ низ баста шавад.
Ҳангоми фурӯш ва додани иҷозати истифодаи барномаҳо барои МЭҲ ба истифодабарандагони оммавӣ, шартнома дар сурате ба таври хаттӣ басташуда ҳисоб меёбад, ки агар шартҳои он (шартҳои истифодаи барнома барои МЭҲ) ба таври лозимӣ дар нусхаҳои барнома барои МЭҲ ифода ёфта бошанд.


Моддаи 28. Шартномаи муаллифии фармоиш


Тибқи шартномаи муаллифии фармоиш муаллиф ӯҳдадор мешавад, ки мутобиқи шартҳои шартнома асар офарад ва онро ба фармоишгар супорад.
Фармоишгар ӯҳдадор аст, ки ба ҳисоби ҳаққи қалами муаллифии дар шартнома зикршуда ба муаллиф пешпардохт диҳад. Андоза, тартиб ва мӯҳлати додани пешпардохт дар шартнома бо ризоияти тарафайн муқаррар карда мешавад.
Агар муаллиф асари фармоиширо тибқи шартҳои шартномаи фармоишӣ пешниҳод накунад, ӯ вазифадор аст, ки зарари воқеии ба фармоишгар расидаро ҷуброн намояд.


Моддаи 29. Масъулият аз рӯи шартномаи муаллифӣ


Тарафе, ки ӯҳдадориҳои худро аз рӯи шартномаи муаллифӣ иҷро намекунад ва ё ба таври лозимӣ иҷро намекунад вазифадор аст, ки зарари ба тарафи дигар расонидашуда, аз ҷумла, фоидаи аз дастрафтаро ҷуброн намояд.


БОБИ III.  Ҳуқуқҳои вобаста ба он
Моддаи 30. Соҳаи амали ҳуқуқҳои вобаста ба он


Муқаррароти ҳамин Қонун роҷеъ ба ҳифзи ҳуқуқи иҷрогарон нисбат ба шахсони зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
1) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд;
2) иҷрогароне, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  нестанд, вале иҷрои асарҳои онҳо:
а) бори аввал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст;
б) дар фонограмма сабт шуда, тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад;
в) дар фонограмма сабт нашудааст, вале ба барномаи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дохил шуда, мутобиқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад.
Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи таҳиягарони фонограммаҳо дар ҳолатҳои зерин мавриди истифода қарор мегиранд:
1) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси ҳуқуқиест, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ дорад;
2) ба фонограммаҳое, ки таҳиягари онҳо шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад вас шахси ҳуқуқиест, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ надорад вале бори аввал дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд ё дар муддати 30 рӯзи баъди нашри аввалин дар кишвари дигар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр шудаанд.
Муқаррароти ҳамин Қонун доир ба ҳифзи ҳуқуқи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ нисбат ба барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дар сурате мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳалли ҷойгиршавии расмӣ доранд ва барномаҳои худро тавассути дастгоҳҳои садорасоние амалӣ месозанд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистои ҷойгиранд.
Муқаррароти ҳамин Қонун ҳамчунин ба иҷрогарон, фонограммаҳо ва барномаҳои ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ мавриди истифода қарор мегирад, ки ҳифзи онҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартномаҳои байналхалқии аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофгардида анҷом дода мешавад.
Ҳифзи объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон нисбат ба объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифие амалӣ мешавад, ки онҳо дар кишвари эҷод шудаашон ба моликияти ҷамъиятӣ дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар он кишвар ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар натиҷаи ба итмом расидани мӯҳлати амали қаблан вогузорнамудаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ ба моликияти ҷамъиятӣ нагузашта бошанд. Дар ин сурат мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ дар қаламрави Тоҷикистон аз мӯҳлати амали муқарраргардидаи ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифии кишваре, ки дар он объекти ҳуқуқҳои вобаста ба муаллифӣ офарида шудааст, зиёд буда наметавонад.(Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).


Моддаи 31. Объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он


Ҳуқуқҳои вобаста ба ҳамаи намоишҳо, иҷроҳо, фонограммаҳо, барномаҳои ташкилот пахши эфирӣ ва кабелӣ сарфи назар аз таъинот, мазмун ва қиматашон, ҳамчунин сарфи назар аз тарзу шаклҳои ифодаи онҳо татбиқ мешаванд.


Моддаи 32. Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он


Субъектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳоянд: иҷрогарон, таҳиягарони фонограмма ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ.
Таҳиягарони фонограмма ва ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ҳуқуқҳои худро, ки дар ҳамин Қонун зикр гардидаанд, дар доираи ҳуқуқҳое, ки тибқи шартнома бо иҷрогар ва муаллифи асари дар фонограмма сабтгардида, ё бо васоили эфирӣ ё кабелӣ пахшшаванда соҳиб мешаванд татбиқ мекунанд.
Барои истифодаи асари саҳнавӣ танҳо ризоияти режиссёри таҳиягар кофӣ набуд ризоияти иҷрогарони нақшҳо ва худи муаллифи асари иҷрошаванда низ зарур аст.
Иҷрогар ҳуқуқи дар ҳамин Қонун зикргардидаро дар мавриде амалӣ месозад, ки ҳуқуқи муаллифӣ асари иҷрошавандаро риоя намояд.
Иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ барои гирифтани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ҳуқуқҳои вобаста ба он метавонанд ҳар вақт дар давоми мӯҳлати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он бақайдгирии асарро, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд.


Моддаи 33. Аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он


Барои ба вуҷуд омадан ва амалӣ сохтани ҳуқуқҳои вобаста ба он риояи ягон расмиятгароӣ талаб карда намешавад. Истеҳсолкунандаи фонограмма ва ё иҷрогар барои огоҳ сохтан аз ҳуқуқи худ метавонад аз аломати ҳифзи ҳуқуқҳои вобаста ба он истифода кунад, ки он дар ҳар як нусхаи фонограмма ва ё дар ҳар ғилофи фонограммадор сабт ёфта, аз се унсур иборат мебошад.
1) ҳарфи лотинии «Р», ки дар дохили доира аст: (Р);
2) ном (унвон)-и соҳиби ҳуқуқҳои комили вобастаи ба он;
3) соли аввали нашри фонограмма.


Моддаи 34.  Ҳуқуқҳои иҷрогар


Ѓайр аз ҳолатҳои бо ҳамин Қонун пешбинишуда ба иҷрогар дар мавриди иҷро ё намоиш чунин ҳуқуқҳои комил тааллуқ дорад:
1) ҳуқуқи ном;
2) ҳуқуқи ҳифзи иҷро ё намоиш аз ҳар гуна таҳрифкорӣ ё дахолати дигар, ки метавонад ба шаъну эътибори иҷрогар зарар расонад;
3) ҳуқуқи истифода аз иҷро ё намоиш дар ҳама тарзу шакл, аз ҷумла ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як тарзи истифода аз иҷро ё намоиш.
Ҳуқуқи комили истифодаи иҷро ё намоиш маънои анҷом додан ва ё иҷозати ба анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) ба эфир додан ё тавассути васоили кабелӣ ба омма дастрас кардани иҷро ё намоиш, ба шарте ки он қаблан тавассути васоили мазкур иҷро нашуда бошад ё ба воситаи сабт амалӣ нашавад;
2) сабт кардани иҷро ё намоиши пештар сабтнашуда;
3) таҷдиди сабти иҷро ё намоиш;
4) ба эфир додан ва ё ба воситаи кабел шунавонидану намоиш додани сабти иҷро ё намоиш, агар ин сабт сараввал бо мақсадҳои тиҷоратӣ амалӣ нашуда бошад;
5) ба кироя додани фонограммаҳои бо мақсади тиҷоратӣ нашршуда, аз ҷумла иҷро ё намоише, ки бо иштироки худи иҷрогар сурат мегиранд. Ҳангоми бастани шартномаи сабти иҷро ё намоиш ба фонограмма ин ҳуқуқ ба истеҳсолкунандаи фонограмма гузашта, дар айни замон иҷрогар ҳуқуқи ҳаққи қаламро барои ба кироя додани нусхаҳои чунин фонограмма нигоҳ медорад;
6) тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият паҳн кардани нусхаи асл ё нусхаи иҷрое, ки дар фонограмма сабт шудааст. Агар нусхаи асл ё нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шуда бошанд, паҳнкунии ояндаи онҳо бе иҷозати иҷрогар ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст;
7) барои истифодаи интерактивӣ ба маълумоти умум расонидани иҷро ё намоише, ки дар фонограмма сабт шудааст;
8) ҷой додани иҷрои сабтшуда дар фазои рақамӣ ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ӯ дастрас шавад.
Ҳуқуқи комили иҷрогар, ки дар банда 3 қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ гардидааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
1) агар сабти аввалини иҷро ё намоиш бо ризоияти иҷрогар амалӣ шуда бошад;
2) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амалӣ гардад, ки барои онҳо ҳангоми сабти иҷро ё намоиш иҷрогар ризоият дода бошад;
3) агар таҷдиди иҷро ё намоиш бо ҳамон мақсадҳое амалӣ гардад, ки барои онҳо сабт тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун анҷом дода шудааст.
Иҷозатҳои дар ҳамин модда зикргардидаро аз тарафи иҷрогар ва ҳангоми иҷро аз ҷониби иҷрогарон - аз тарафи роҳбари чунин даста бо роҳи   бастани шартномаи хаттӣ бо истифодабаранда дода мешавад.
Барои истифодаи минбаъдаи иҷро ё намоиш, ҳамчунин дар мавриди анҷом додани сабт аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ гирифтани иҷозатҳои дар бандҳои 1-3 қисми дуюми ҳамин модда зикргардида лозим нест, ба шарте ки онҳо мустақиман тибқи шартномаи иҷрогар бо ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ дар назар дошта шуда бошанд. Андозаи ҳаққи қалами иҷрогар барои чунин тарзи истифода низ дар ҳамин шартнома муқаррар карда мешавад.
Бастани шартнома байни иҷрогар ва таҳиягари асари аудиовизуалӣ доир ба офаридани асари аудиовизуалӣ боиси аз тарафи иҷрогар вогузор гардидани ҳуқуқҳое мешавад, ки дар бандҳои 1 - 4 қисми дуюми ҳамин модда муқаррар гардидаанд.
Додани чунин ҳуқуқҳо аз тарафи иҷрогар бо истифодаи асари аудиовизуалӣ маҳдуд мегардад ва агар дар шартнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ҳуқуқи ба таври алоҳида истифода намудани овоз ё тасвири дар асари аудиовизуалӣ сабтгардидаро намедиҳад.
Ҳуқуқҳои комили иҷрогар, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидаанд, тибқи шартнома метавонанд ба шахсони дигар таҳвил дода шаванд.


Моддаи 35.  Ҳуқуқи истеҳсолкунандаи фонограммаҳо


Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинигардида ба истеҳсолкунандаи фонограммаҳо дар мавриди фонограммаи ӯ ҳуқуқҳои комил барои истифодаи фонограмма дар ҳама гуна шакл, аз ҷумла, ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои ҳар як навъи истифодаи фонограмма тааллуқ дорад.
Ҳуқуқи комил барои истифодаи фонограмма маънои анҷом додан ё иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) таҷдиди фонограмма;
2) бо ҳар гуна тарзу усул тағйир додан ва дигаргун сохтани фонограмма;
3) паҳн кардани нусхаҳои фонограмма, яъне фурӯхтан, ба кироя додан ва ғ.;
4) бо мақсади паҳнкунӣ ворид кардани нусхаҳои фонограмма, ҳамчунин нусхаҳое, ки бо иҷозати истеҳсолкунандаи ин фонограмма тайёр карда шудаанд;
5) расонидани фонограмма ба маълумоти умум барои истифодаи интерактивӣ;
6) ҷой додани фонограммаҳо дар фазои рақамӣ ба тарзе, ки он дар реҷаи вақти воқеӣ ба ҳар як истифодабаранда мутобиқи интихоби ӯ дастрас шавад.
Агар нусхаҳои қонунан нашршудаи фонограмма тавассути фурӯш ба муомилот бароварда шуда бошад, паҳнкунии минбаъдаи он бе иҷозати истеҳсолкунандаи фонограмма ва бе пардохти ҳаққи қалам мумкин аст. Дар ин маврид, сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба нусхаҳои фонограмма, истеҳсолкунандаи фонограмма ҳуқуқи паҳнкунии нусхаҳои фонограммаро бо роҳи ба кироя додани онҳо нигоҳ медорад.
Ҳуқуқи комили истеҳсолкунандаи фонограммае, ки дар ҳамин модда муқаррар гардидааст, метавонад тавассути шартнома ба шахсони дигар таҳвил дода шавад.


Моддаи 36.  Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши эфирӣ


Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши эфирӣ дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барномаи худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.
Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои иҷозати анҷом додани амалҳои зеринро дорад:
1) дар айни вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши эфирӣ ба эфир додани барномаҳои он;
2) ба омма дастрас кардани барнома ба воситаи кабел;
3) сабти барнома;
4) таҷдиди сабти барнома;
5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулакӣ аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши эфирӣ, ки дар банда 4 қисми дуюми ҳамин модда пешбинӣ шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши эфирӣ сурат гирифта бошад;
- агар таҷдиди барнома бо ҳамон мақсадҳое амалӣ шуда бошад, ки бо ҳамон мақсадҳо сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст;
6) тавассути фурӯш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши эфирӣ тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаи он, ба ташкилоти пахши эфирӣ боқӣ мемонад.


Моддаи 37.  Ҳуқуқҳои ташкилоти пахши кабелӣ


Ба ғайр аз ҳолатҳои дар ҳамин Қонун пешбинишуда ташкилоти пахши кабелӣ дар мавриди барномаҳои худ дорои ҳуқуқҳои комили истифодаи барноми худ дар ҳар гуна шакл ва додани иҷозат ба истифодаи барнома, ҳамчунин ҳуқуқи гирифтани ҳаққи қалам барои додани чунин иҷозат мебошад.
Ҳуқуқи комили додани иҷозат ба истифодаи барнома маънои ҳуқуқи ташкилоти пахши кабелиро ба иҷозати анҷом додани амалҳои зерин дорад:
1) дар айни вақт аз тарафи ташкилоти дигари пахши кабелӣ ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани барномаҳои худ;
2) ба эфир додани барнома;
3) сабти барнома;
4) таҷдиди сабти барнома;
5) ба омма дастрас кардани барнома дар ҷойҳое, ки даромад пулакӣ аст. Ҳуқуқи комили ташкилоти пахши кабелӣ, ки дар банди 4 қисми дуюми ҳамин модда зикр шудааст, дар ҳолатҳои зерин татбиқ намегардад:
- агар сабти барнома бо ризоияти ташкилоти пахши кабелӣ сурат гирифта бошад;
- агар таҷдиди барнома бо мақсадҳое амалӣ шуда бошад, ки бо ҳамон мақсад сабти он тибқи муқаррароти моддаи 41 ҳамин Қонун сурат гирифтааст;
6) тавассути фурӯш, ба кироя додан ё ба тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият дар байни омма паҳн кардани сабти барнома ё нусхаҳои сабти барнома. Ин ҳуқуқҳо ба истиснои ҳуқуқи ба кироя додан нисбати сабти барнома ё нусхаи сабти барнома, ки бо иҷозати ташкилоти пахши кабелӣ тавассути фурӯш ё тарзи дигари таҳвили ҳуқуқи моликият ба муомилоти гражданӣ бароварда шудаанд, қатъ мегарданд. Ҳуқуқи ба кироя додан сарфи назар аз ҳуқуқи моликият ба сабти барнома ё нусхаҳои он, ба ташкилоти пахши кабелӣ боқӣ мемонад.


Моддаи 38. Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар


Истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он аз тарафи шахсони дигар танҳо бо иҷозати соҳиби ҳуқуқи комил ба асар ва бо пардохти ҳаққи қалам, ғайр аз ҳолатҳои дар моддаҳои 19-21,24,39-41 ҳамин Қонун пешбинигардида, иҷозат дода мешавад.


Моддаи 39. Таҷдиди асарҳо ва фонограммаҳо бо мақсадҳои шахсӣ


Ҳамчун истисно аз моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти муаллиф ё дигар соҳиби ҳуқуқи муаллиф, иҷрогар ва истеҳсолкунандаи фонограмма, вале бо пардохти ҳаққи қалами онҳо таҷдиди асари аудиовизуалӣ ё фонограмма танҳо ба мақсадҳои шахсӣ иҷозат дода мешавад.
Ҳаққи қалам барои таҷдиди асари дар ҳамин модда зикршуда аз тарафи истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони таҷҳизот (аудио – видеомагнитофонҳо ва ғ.) ва шаклҳои моддӣ (наворҳои сабти овозӣ ё видеоӣ, кассетаҳои овозӣ ва видеоӣ, дискҳои лазерӣ, компакт-дискҳо ва ғ.), ки барои чунин таҷдид истифода мешаванд, пардохта мешавад.
Ҷамъоварӣ ва тақсими чунин ҳаққи қалам аз тарафи яке аз ташкилотҳои идораи дастаҷамъии ҳуқуқҳои амволии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон тибқи созишномаи байни ин ташкилотҳо мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.
Агар дар ин созишнома чизи дигаре пешбинӣ нашуда бошад ҳаққи қалами зикршуда ба андозаи зерин тақсим мешавад: 40% - ба муаллифон, 30% - ба иҷрогарон, 30% - ба истеҳсолкунандагони фонограммаҳо.
Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он бо созишномаи байни истеҳсолкунандагон ва воридкунандагон, аз як тараф ва ташкилоти идораи дастаҷамъии ҳуқуқи амволии муаллифон, истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогарон, аз тарафи дигар, муайян карда мешаванд, агар тарафҳо ба мувофиқа наоянд, - он аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.
Барои таҷҳизот ва василаҳои моддии дар ин модда зикршуда, ки предмети содирот маҳсуб мешаванд ва ҳамчунин ба таҷҳизоти касабавӣ, ки барои истифода дар шароити хона таъин нашудаанд, ҳаққи қалам пардохта намешавад.


Моддаи 40. Истифодаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст, бе ризоияти истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар


Ҳамчун истиснои ҳолатҳои моддаҳои 34 ва 35 ҳамин Қонун бе ризоияти истеҳсолкунандаи фонограммае, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст ва иҷрогаре, ки иҷрои ӯ дар чунин фонограмма сабт шудааст, аммо бо пардохти ҳаққи қалами онҳо амалӣ сохтани корҳои зерин мумкин аст:
1) иҷрои оммавии фонограмма;
2) ба эфир додани фонограмма;
3) ба воситаи кабел ба омма дастрас кардани фонограмма.
Ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти ҳаққи қаламе, ки дар ҳамин модда пешбинӣ гардидааст аз тарафи яке аз ташкилотҳое, ки ҳуқуқи амволии истеҳсолкунандагони фонограмма иҷрогаронро дастҷамъона идора мекунад, мувофиқи моддаи 43 ҳамин Қонун, тибқи созишном байни ин ташкилотҳо сурат мегиранд. Агар дар созишнома тарзи дигари тақсими ҳаққи қалам пешбинӣ нашуда бошад, ҳаққи қалами мазкур байни истеҳсолкунандаи фонограмма ва иҷрогар баробар тақсим мешавад.
Андозаи ҳаққи қалам ва шартҳои пардохти он тибқи созишномаи истифобадаранд фонограмма ё иттиҳодияҳо (ассотсиатсияҳо)-и чунин истифодабарандагон аз як тараф ташкилотҳое, ки ҳуқуқи амволии истеҳсолкунандагони фонограммаҳо ва иҷрогаронро идора мекунанд, аз тарафи дигар ва дар ҳолати ба мувофиқа наомадани тарафайн - аз тарафи мақоми ваколатдор муайян карда мешавад.
Андозаи ҳаққи қалам барои ҳар як намуди истифодаи фонограмма муайян карда мешавад.
Истифодабарандагони фонограммаҳо бояд ба ташкилотҳои дар ҳамин модда зикршуда барномаҳои маълумоти дақиқдошта ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои ҷамъоварӣ ва тақсими ҳаққи қалам пешниҳод намоянд.


Моддаи 41. Маҳдудиятҳои ҳуқуқи иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ва кабелӣ


Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи иҷро, барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилотҳои пахши эфирӣ ва кабелӣ ва бе пардохти ҳаққи қалам дар ҳолатҳои зерин мумкин аст:
1) барои ба хулосаҳои ҳодисаҳои ҷорӣ дохил кардани порчаҳои хурди иҷро, фонограмм барномаҳои эфирӣ ва кабелӣ;
2) сирф ба мақсадҳои таълим ё таҳқиқоти илмӣ;
3) барои иқтибос дар шакли порчаҳои хурд аз иҷро, фонограммаҳо, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ, ба шарте ки чунин тарзи иқтибос бо мақсадҳои иттилоотӣ амалӣ гардад. Дар ин маврид ҳама гуна истифодаи нусхаҳои фонограмма, ки ба мақсадҳои тиҷоратӣ нашр шудааст, барои  эфир ё кабел додан, аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ танҳо бо риояи муқаррароти моддаи 40 ҳамин Қонун мумкин аст;
4) дар ҳолатҳои дигар, ки бо муқаррароти моддаҳои 19-21 ҳамин Қонун дар бобати маҳдудиятҳои ҳуқуқи амволии муаллифи асарҳои илм, адабиёт ва санъат муқаррар шудаанд.
Ҳамчун истиснои муқаррароти моддаҳои 34-37 ва 40 ҳамин Қонун истифодаи барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ, сабти онҳо, ҳамчунин таҷдиди фонограмма бе ризоияти иҷрогар истеҳсолкунандаи фонограммаҳо, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ба мақсадҳои шахсӣ мумкин аст. Дар ин маврид таҷдиди фонограмма ба шарти пардохти ҳаққи қалам мутобиқи моддаи 3 ҳамин Қонун мумкин аст.
Дар бобати гирифтани иҷозати иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма ва ташкили пахши эфирӣ барои амалӣ сохтани сабтҳои истифодаи кӯтоҳмуддати иҷро ё барнома, баро таҷдиди чунин сабтҳо ва фонограммае, ки бо мақсадҳои тиҷоратӣ нашр гардидааст, муқаррароти моддаи 34-37 ҳамин Қонун истифода намешаванд, ба шарте ки сабти истифода ва таҷдиди кӯтоҳмуддат аз тарафи ташкилотҳои пахши эфирӣ бо кӯмаки таҷҳизоти худи он ва барои барномаҳои хусусии он бо дарназардошти шартҳои зерин анҷом дода шавад:
1) аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ гирифтани иҷозати пешакӣ барои ба эфир додани худи ҳамон иҷро ё барномае, ки нисбати онҳо сабти истифодаи кӯтоҳмуддат ё таҷдиди чунин сабт сурат мегирад;
2) аз тарафи ташкилоти пахши эфирӣ нобуд сохтани сабт дар тӯли муддате, ки мутобиқи муқаррароти банди 4 моддаи 21 ҳамин Қонун, ки барои истифодаи сабти кӯтоҳмуддати асарҳои адабиёт, илм ва санъат муқаррар гардидааст, ба истиснои нусхаи ягона, ки метавонад дар асоси хислати сирф ҳуҷҷатӣ доштанаш дар бойгониҳои расмӣ маҳфуз бошад.
Маҳдудиятҳои дар ҳамин модда пешбинигардида бе халалдор сохтани истифодаи мӯътадили фонограмма, иҷро, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ ва сабтҳои онҳо, ҳамчунин асарҳои адабиёт, илм ва санъат, ки ба онҳо дохиланд ва бе поймол намудани манфиатҳои қонунии иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ва муаллифони асарҳои номбаршуда татбиқ мегарданд.


Моддаи 42. Мӯҳлати амали ҳуқуқҳои вобаста ба он


Ҳуқуқи иҷрогар, ки дар ҳамин Қонун пешбинӣ гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли пас аз иҷрои аввалини он амал мекунад.
Ҳуқуқи иҷрогар ба ном ва ҳифзи иҷро аз ҳар гуна таҳриф ва ё дахолати дигар, ки дар моддаи 34 ҳамин Қонун муқаррар карда шудааст, бе маҳдудияти мӯҳлат ҳифз мешавад, вале ҳамчун мерос ба шахси дигар намегузарад.
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати истеҳсолкунандаи фонограмма муқаррар шудааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди интишори аввали фонограмма ва ё дар муддати панҷоҳ соли баъди сабти аввали он, агар то ин муддат фонограмма интишор нашуда бошад, амал мекунад.                                                           
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши эфирӣ муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди ба эфир додани барномаи аввалин аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.
Ҳуқуқҳое, ки дар ҳамин Қонун дар бобати ташкилоти пахши кабелӣ муқаррар гардидааст, дар муддати панҷоҳ соли баъди амалӣ гардидани барномаи аввалини кабелӣ аз тарафи ин ташкилот амал мекунад.
Ҳисоби мӯҳлатҳое, ки дар ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, аз 1 январи соли ояндаи ба вуқӯъ омадани факти ҳуқуқие, ки барои оғози мӯҳлат асос мегардад, шурӯъ мешавад.
Ба меросхӯрон (дар бобати шахсони ҳуқуқӣ - ба ворисони ҳуқуқӣ)-и иҷрогар, истеҳсолкунандаи фонограмма, ташкилоти пахши эфирӣ ё кабелӣ ҳуқуқи додани иҷозати истифодаи иҷро, намоиш, фонограмма, барномаҳои эфирӣ ё кабелӣ ва гирифтани ҳаққи қалам дар ҳудуди мӯҳлати боқимондае, ки дар ҳамин модда зикр ёфтааст, дода мешавад.


БОБИ IV. Идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои амволӣ
Моддаи 43. Ҳадафҳои асосии идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои амволӣ


Бо мақсади таъмини ҳуқуқи амволии муаллифон, иҷрогарон, истеҳсолкунандагони фонограмма ва дигар соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он дар ҳолатҳое, ки ба таври инфиродӣ амалӣ сохтани он мушкил мегардад, метавонанд ташкилотҳое таъсис ёбанд, ки ҳуқуқҳои амволии шахсони мазкурро дар асоси дастҷамъӣ идора менамоянд (минбаъд -ташкилоти идораи дастҷамъӣ).
Чунин ташкилотҳо дар шакли ташкилотҳои ҷамъиятии ғайритиҷоратӣ таъсис меёбанд ва дар доираи салоҳиятҳое, ки аз соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он гирифтаанд, амал мекунанд.
Таъсиси ташкилотҳои алоҳида аз рӯи ҳуқуқҳои алоҳида ва категорияҳои алоҳидаи соҳибони ҳуқуқ ё ташкилотҳое, ки ҳуқуқи гуногунро ба манфиати категорияҳои гуногуни соҳибони ҳуқуқ идора мекунанд ё як ташкилоте, ки ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба онро дар айни вақт идора мекунад, мумкин аст.
Ташкилотҳои идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи зерин мутобиқ бошанд:
-номи ташкилот бояд ибораи «ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон»-ро дар бар гирад;
-пешбурди кори ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ҳамчун шакли асосии фаъолият зикр карда шавад;
-мақсад ва вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъии ҳуқуқҳои молумулкии муаллифон бояд ба талаботи моддаҳои 43-46 Қонуни мазкур мутобиқ бошанд.  (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №573).


Моддаи 44. Ваколатҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ


Ваколатҳо ба ташкилоти идораи дастҷамъи мустақилона аз тарафи соҳибони ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он дар асоси шартномаҳои хаттӣ ба тариқи ихтиёрӣ, ҳамчунин аз рӯи шартномаҳои дахлдор бо ташкилотҳои хориҷие, ки чунин ҳуқуқҳоро идора мекунанд, дода мешаванд. Чунин шартномаҳо шартномаҳои муаллифӣ намебошанд ва муқаррароти моддаҳои 25-29 ҳамин Қонун ба онҳо тааллуқ надоранд.
Ҳар як муаллиф, вориси ӯ ё шахси дигари соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва вобаста ба он, ки тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешавад, ҳақ дорад аз рӯи шартнома амалӣ сохтани ҳуқуқи амволии худро ба ташкилоти идораи дастҷамъӣ, ки вазифадор аст амалӣ сохтани ин ҳуқуқро ба ӯҳда гирад, вогузор намояд, ба шарте ки он ба фаъолияти оинномавии ташкилот мансуб бошад.
Ташкилотҳои мазкур ҳақ надоранд, ки аз асарҳо за объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он , ки барои идораи дастҷамъӣ гирифтаанд, истифода кунанд.
Ташкилоти идораи дастҷамъӣ ба истифодабарандагон барои тарзҳои дахлдори истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба он иҷозатнома медиҳад. Шартҳои чунин иҷозатномаҳо барои ҳамаи истифодабарандагони ҳар як гурӯҳи муайян бояд якхела бошад. Дар сурати мавҷуд набудани асоси кофӣ аз додани иҷозатнома ба истифодабаранда сарфи назар кардан мумкин нест.
Чунин иҷозатномаҳо истифодаи ҳамаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онро аз рӯи тарзҳои дар онҳо зикршуда иҷозат медиҳанд ва аз номи ҳамаи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста, аз ҷумла онҳое, ки мутобиқи ин модда ба ташкилот салоҳият надодаанд, дода мешаванд.
Ҳамаи даъвоҳои имконпазири амволии соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он ба истифодабарандагон, ки ба истифодаи асарҳо ва объектҳои ҳуқуқҳои вобаста ба онҳо аз рӯи иҷозатнома марбут аст, бояд аз тарафи ташкилоти идораи дастҷамъӣ, ки чунин иҷозатномаҳоро медиҳад, танзим карда шаванд.
Ташкилоти идораи дастҷамъӣ ҳақ дорад, ки ҳаққи қалами талабкарданашударо нигоҳ дорад ва онро пас аз се соли ба ҳисоби ташкилот ворид шуданаш ба маблағҳои тақсимшаванда ё ба мақсадҳои дигар, ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобастаи ба он истифода барад.


Моддаи 45. Вазифаҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ


Ташкилоти идораи дастаҷамъӣ дар асоси салоҳият ва аз номи соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он худ бояд вазифаҳои зеринро адо намояд:
1) андозаи ҳаққи қалам ва дигар шартҳои додани иҷозатномаро бо истифодабарандагон мувофиқа намояд;
2) ба истифодабарандагон барои истифода аз ҳуқуқе, ки идора карда мешавад, иҷозатнома диҳад;
3) бо истифодабарандагон андозаи ҳаққи қаламро дар ҳолатҳое, ки ин ташкилот ба ҷамъоварии чунин ҳаққи қалам бе додани иҷозатнома машғул мешавад, мувофиқа намояд (қисми 3 моддаи 39, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 40 ҳамин Қонун);
4) ҳаққи қаламро тибқи иҷозатнома ва (ё) ҳаққи қаламеро, ки дар банди 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, ҷамъоварӣ намояд;
5) ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он тақсим ва  пардохти ҳаққи қаламро, ки тибқи банди 4 ҳамин модда ҷамъ оварда шудааст, амалӣ созад;
6) ҳама гуна амалиёти зарурии ҳуқуқиро барои ҳифзи ҳуқуқе, ки онҳоро идора мекунад, амалӣ созад;
7) фаъолияти дигарро тибқи салоҳиятҳое, ки соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он вогузор намудаанд, анҷом диҳад.
Моддаи 46. Ўҳдадориҳои ташкилоти идораи дастҷамъӣ
Фаъолияти ташкилоти идораи дастҷамъӣ ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он анҷом дода мешавад. Бо ин мақсадҳо ташкилоти идораи дастҷамъӣ бояд ӯҳдадориҳои зеринро иҷро намояд:
1) ҳамзамон бо пардохти ҳаққи қалам ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он пешкаш намудани ҳисобот роҷеъ ба истифодаи ҳуқуқи онҳо;
2) истифодаи ҳаққи қалами тибқи муқаррароти банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун ҷамъоваришуда, фақат барои тақсим ва пардохт ба соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он. Аз ҳаққи қалами ҷамъоваришуда ташкилот метавонад маблағи муайянро барои пӯшонидани хароҷоти воқеии худ барои ҷамъоварӣ, тақсим ва пардохти чунин ҳаққи қалам ҷудо намояд, ҳамчунин маблағи муайянро ба хазинаҳои махсус, ки аз тарафи ин ташкилот бо ризоият ва ба манфиати соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он таъсис дода мешаванд, гузаронад;
3) маблағҳои ҳаққи қалами ҷамъоваришударо, ки пас аз нигоҳ доштани маблағи дар банда 2 ҳамин модда зикршуда боқӣ мемонанд, тақсим намуда, мунтазам пардозад.
Соҳибони ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он, ки ба ташкилот салоҳияти ҷамъоварӣ намудани ҳаққи қалами дар банди 4 моддаи 45 ҳамин Қонун муқарраршударо надодаанд, ҳақ доранд, ки аз ин ташкилот пардохтани ҳаққи қалами ба онҳо тааллуқдоштаро тибқи тақсимоти ба амаломада талаб намоянд ва ҳамчунин асарҳои худ ва объектҳои ҳуқуқи вобаста ба онро аз иҷозатномаҳое, ки ин ташкилот ба истифодабарандагон медиҳад, хориҷ созанд.


БОБИ V. Ҳифзи ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он
Моддаи 47. Вайрои кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он. Нусхаҳои ғайриқонунии асарҳо ва фонограммаҳо


Вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он инҳо мебошанд:
1) бе иҷозати соҳибҳуқуқ таҷдид, паҳн кардан ва тарзи дигари истифодаи объектҳои ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он;
2) паҳн, тайёр, ворид намудан бо мақсади паҳн кардани таҷҳизот ё пешкаш кардани хизмат, ки барои сарфи назар кардан ё ба сарфи назар намудани ҳар як васоити техникии ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он пешбинӣ гардидааст, имкон медиҳад ё мусоидат мекунад;
3) бе иҷозати соҳибҳуқуқ барҳам ё тағйир додани ҳар гуна иттилоъ дар бораи идоракунии ҳуқуқҳо.
Нусхаҳои асар ва фонограммае, ки таҳия ва паҳн намудани онҳо боиси вайрон кардани ҳуқуқҳои муаллифӣ ва вобаста ба он мешавад, нусхаҳои ғайриқонунӣ ҳисоб меёбанд.
Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе розигии соҳибҳуқуқ ворид намудани нусхаҳои асарҳо ва фонограммаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҳамин Қонун ҳифз мешаванд, аз давлате, ки дар он ин асару фонограммаҳо ҳифз намешаванд ё ҳифзи онҳо қатъ гардидааст, низ вайрон кардани ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ҳисобида мешавад.
Шахсоне, ки ба вайронкунии Қонуни мазкур роҳ медиҳанд, мувофиқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.


 Моддаи 48. Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он


Ҳифзи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тарзе, ки Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ҳамчунин бо роҳҳои зерин амалӣ мешавад:
1) ба ҷои чуброни зиён ситонидани даромад, ки вайронкунанда дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба даст овардааст;
2) пардохти ҷубронпулӣ дар ҳаҷме, ки аз тарафи суд ба ҷои ҷуброни зарар ва ё ситонидани даромад муайян шудааст.
Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограмма бо талаби соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба ӯ дода мешаванд.
Нусхаҳои ғайриқонунии асар ё фонограммае, ки аз тарафи соҳиби ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он талаб карда нашудаанд, бояд нобуд карда шаванд.
Мавод ва таҷҳизоте, ки барои тайёр кардан ва таҷдиди нусхаҳои ғайриқонунии асарҳо ё фонограммаҳо истифода шудааст, нобуд карда ва ё ба фоидаи давлат дода мешаванд.
Соҳибони ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳуқуқҳои вобаста ба он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ метавонанд барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.

       Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                Э. РАҲМОНОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,
№ 726                                            


ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Оиди мавриди амал қарор додани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
 «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод.349)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:


1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.                                
2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мутобиқ гардонидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Қонуни мазкур таклифҳо пешниҳод намояд;                                
қарорҳои худро ба қонуни мазкур мутобиқ гардонад.


Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            С. РАҶАБОВ
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998,
№ 727