Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо вазири корҳои хориҷии Афғонистон

05.06.2014 11:16, шаҳри Душанбе.
Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Зирор Аҳмад Усмониро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносиботи дӯстию ҳамсоягӣ ва ҳамкории гуногунҷанба баррасӣ шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки даври дуюми интихоботи президентӣ дар Афғонистон дар фазои мусоид ҷараён гирифта, боиси таҳкими бештари амну суботи сиёсӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ намуд, ки “пас аз интихоб шудан ва ба иҷрои вазифаҳо шурӯъ намудани Президенти нави Афғонистон дар раванди равобити дуҷониба идомат комилан боқӣ монда, муносибатҳои ҳусни ҳамсоягӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни ду кишвари мо боз ҳам густариш ва таҳким хоҳанд ёфт”.
Аз судмандии ҳамкорӣ миёни сохторҳои қудартӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи ду кишвар дар мубориза бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир изҳори қаноат карда шуд.
Таваҷҷуҳи зиёд ба густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисоду савдо, энергетика ва нақлиёту роҳсозӣ зоҳир гардид.
Аз фаъолияти босамари хатти барқии 220-киловолтаи Сангтӯда-Пули Хумрӣ изҳори хушӣ намуда, ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки барои татбиқи босамари лоиҳаи сохтмони хатти барқии 500-киловолтаи CASA-1000 низ дар ҳамоҳангӣ ҷаҳду талош бояд кард.
Ҳамин гуна ҳамкорӣ доир ба сохтмони босуръат ва босифати роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва татбиқи босамари дигар лоиҳаҳои минтақавиии зербиноӣ зарур шумурда шуд.
Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

www.president.tj