Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина»
Нашр шуд. Пан, 24/04/2014 - 14:08
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» мувофиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №308 аз 22 августи соли 2005-ум таъсис ёфта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассиси расмии он маҳсуб меёбад. Рўзи 03.09.2005 расо соати 8-и субҳ аввалин барномаи телевизионӣ тариқи эфири шабакаи «Телевизиони Сафина» пахш ва манзури сокинони мамлакат гардид. Боиси ифтихор аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар маросими бо тантанаи ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» ширкат варзида, шахсан бо пахши тугмачаи дастгоҳи паҳнкунандаи мавҷи телевизионӣ ба фаъолияти боз як шабакаи тозабунёди телевизионӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтитоҳ бахшид. Сарвари давлат дар ҷараёни суханронии мустақим дар ин рўзи муборак «Телевизиони Сафина» - ро меваи истиқлол маънидод сохта, онро ҳамзамон саҳнаи озоди афкору пайкори тамоми фарҳангиёни кишвар ва инъикосгару таблиғкунандаи фарҳанги волои миллӣ арзёбӣ намуд.
Муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина» аз оғоз фаъолияти худро дар асоси талаботи Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.






