Сарқонун

22 –майи соли 2016 рӯзи раъйпурсии умумихалқӣ оид ба «Тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд. Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳа
ТАҒЙИРУ ИЛОВАҲО БА КОНСТИТУТСИЯИ
(САРҚОНУНИ) ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
1. Аз ном ва матни Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон калимаи «(Сарқонуни)» хориҷ карда шавад.
2. Дар моддаи 1:
— қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон президентӣ мебошад.»;
— қисмҳои дуюм ва сеюм мувофиқан қисмҳои сеюм ва чорум ҳисобида шаванд.
3. Қисми якуми моддаи 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад: «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд.».
4. Дар қисми чоруми моддаи 7 калимаҳои «марзиву маъмуриро» ба калимаҳои «маъмурию ҳудудиро» иваз карда шаванд.
5. Дар моддаи 8:
— дар қисми чорум калимаи «Ташкилотҳои» ба калимаи «Иттиҳодияҳои» иваз карда шавад;
— қисми шашум бо мазмуни зерин илова карда шавад:
«Дар Тоҷикистон фаъолияти ҳизбҳои сиёсии дигар давлатҳо, таъсиси ҳизбҳои хусусияти миллӣ ва динидошта, инчунин маблағгузории ҳизбҳои сиёсӣ аз ҷониби давлатҳо ва созмонҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва шаҳрвандони хориҷӣ манъ аст.».
6.

Шарҳи тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон

Якум. Рушди устувору босуботи ҷомеа, бахусус ҷомеаи муосири Тоҷикистон тақозо менамояд, ки меъёрҳои Конститутсия пайваста такмил дода шаванд. Такмили меъёрҳои Конститутсия дар навбати худ талаб менамояд, ки қонунгузории амалкунанда низ такмил ёбад. Ин тағйиротҳои Конститутсия барои рушди бемайлони соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа мусоидат мекунад.
Ба ҳамагон маълум аст, ки мақсади асосии мо таъмини рушди устувору муттасили ҷомеа ва инкишофи бемайлони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии он мебошад. Ин имкон медиҳад, ки мунтазам сатҳу сифати зиндагии мардум баланд бардошта шавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста талош менамоянд, ки ҳар чӣ зудтар сатҳу сифати зиндагии халқ баланд гардида, Тоҷикистони азиз боз ҳам ободтару зеботар гардад. Аз ҷумла, соли 2016 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, ки «муҳайё намудани шароити ҳар чӣ беҳтари зиндагӣ барои сокинони кишвар ҳадафи олитарини фаъолияти Президент ва Ҳукумат мебошад».
Тағйиру иловаҳои ба Конститутсия воридшаванда ҷиҳати амалӣ намудани ин мақсади олӣ мусоидат мекунанд.
Дуюм. Тағйиру иловаҳо ба рушди минбаъдаи равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва кафолати риояю ҳифзи онҳо мусоидат менамоянд.
Қобили зикр аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ ҳамчун яке аз конститутсияҳои беҳтарин эътироф гардидааст. Ин пеш аз ҳама ишора ба он меъёрҳои Конститутсия мебошад, ки онҳо зербинои мустаҳками ҷомеа ва давлати демократиро гузоштаанд.