Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Нашр шуд. Душ, 06/05/2024 - 17:196 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва мақомоти дигари марказӣ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон, Ҷумҳурии Мисри Араб, Давлати Қатар ва Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини якуми Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардиданд.