Ба ятимону бепарасторони мамлакат туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Нашр шуд. Шан, 30/12/2023 - 15:52Дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, оилаҳои бесаробон ва ниёзманди ҷомеа мавқеи меҳварӣ дошта, таҳти ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои миллию давлатӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон