Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд
Нашр шуд. Пан, 14/12/2023 - 16:5214 декабр дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Корхонаи воҳиди давлатии «Бохтарнақлиётхизматрасон» -и назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтарро ба истифода дода, дар маросими муаррифии татбиқи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии вилояти Хатлон» иштирок намуданд.