Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад
Нашр шуд. Якш, 26/11/2023 - 10:34Соли 2024 раёсат дар Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти Осиёи Марказӣ ба Тоҷикистон мегузарад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар робита ба ин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Саммити СПЕКА, ки 24 ноябр дар шаҳри Боку баргузор шуд, омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати дар якҷоягӣ бо давлатҳои иштирокчӣ гузоштани саҳми сазовор дар ноил гардидан ба вазифаҳое, ки дар чорчӯби Барнома муайян шудаанд, иброз намуданд.