Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Корхонаи равғанбарории ҶДММ «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд
Нашр шуд. Чор, 01/11/2023 - 15:3531 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Файзи баракат»-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи равғанбарории Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Файзи баракат” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Файзалӣ Ҳоҷиев бо мақсади дастгирии сиёсати созандаи Пешвои миллат ва дар доираи амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат дар масоҳати 1 гектар бунёд шудааст.