Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ»-ро мавриди истифода қарор доданд
Нашр шуд. Пан, 26/10/2023 - 15:0726 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.