Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар ҳошияи Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон” бо Кантслери федералии Олмон Олаф Шолтс мулоқот намуданд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ва Олмон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, ҳамчунин фарҳангию гуманитарӣ, бахусус маориф ва сайёҳиро муҳокима намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ ва Олмон» иштирок намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Вохӯрии якуми сарони давлатҳои “Осиёи Марказӣ ва Олмон” иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ сарони давлатҳо самтҳои минбаъдаи ҳамкории судмандро мавриди муҳокима қарор доданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон намуданд, ки натиҷаҳои мулоқоти имрӯза ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ мусоидат хоҳанд намуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок намуданд

29 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Берлин дар Форуми иқтисодии Осиёи Марказӣ ва Олмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни суханронӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки масъалаи густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ бо Ҷумҳурии Федеративии Олмон самти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Таъкид гардид, ки бо шарофати дастовардҳои назаррас дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон рушди босуръати худро идома медиҳад.

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ соҳибкорону сармоягузорони бонуфузи давлатҳои хориҷиро барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар пойтахт даъват намуданд

«Мо дар ин Форум ҳавасмандиамонро дар самти амалисозии лоиҳаҳои афзалиятноки шаҳри Душанбе -соҳаҳои маорифу тандурстӣ, саноату энергетика, роҳҳо, ҳифзи муҳити зист ва дигар самтҳо, ки ба беҳсозии инфрасохтори шаҳр, инчунин таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои сокинону меҳмонони пойтахт равона гардидаанд, изҳор медорем». Чунин иброз доштанд Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри ...

Страницы