Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони вилояти Хатлон
Нашр шуд. Шан, 02/06/2018 - 15:22Дӯстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Ба ҳамаи шумо маълум аст, ки Ҳукумати мамлакат ҳифзи амнияти озуқавории кишварро дар қатори ҳадафҳои афзалиятноку стратегии худ қарор дода, барои татбиқи самарабахши он мунтазам талош дорад ва ҳамаи захираву имкониятҳоро ба ин самт сафарбар намудааст.