Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Бохтар

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Пеш аз ҳама, ба шумо – намояндагони мардуми ватандӯсту қавиирода ва меҳмоннавози ноҳияи Бохтар барои фаъолияти созандаатон ва истиқболи самимӣ изҳори сипос менамоям.
Тавре ки мушоҳида мегардад, дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати мамлакат ва саъю талоши мардуми заҳматпешаи ноҳияи Бохтар пешрафти бомароми иқтисодиву иҷтимоии ноҳия таъмин гардида, шароити зиндагии сокинони он ба сол беҳтар шуда истодааст.
Сохтмон ва таҷдиди коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, роҳҳои дохилӣ, хатҳои нерӯи барқ, муассисаҳои таълимиву иҷтимоӣ, аз

Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Дар чаҳорчӯби боздиди корӣ аз ноҳияи Бохтар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Комсомоли ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14 барои 1320 ҷойи нишаст дар ду баст иштирок варзиданд.
Хонандагони ин мактаб бо нишони арҷгузорӣ ба ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба соҳаи маориф, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар даромадгоҳи муассисаи таълимӣ бо самимияти беандоза истиқбол гирифтанд.
Хаб

Ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар

Дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи сардхонаи замонавӣ иштирок карданд.
Сардхона барои нигоҳдории маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар Ҷамоати деҳоти «Заргар»-и ноҳияи Бохтар дар асоси вазифагузориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон бунёд гардида, ҳаҷми ғунҷоиши иншооти мазкур 2000 тонна мебошад.
Иншооти мазкур аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Назарбек Шарифов тавассути сармоягузории хориҷӣ сохта шуда, мақсад аз он дар фаслҳ

Шиносоии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти кооперативи тиҷоратии «Сомон»-и ноҳияи Бохтар

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ноҳияи Бохтар ташриф оварданд.
Роҳбарият, фаъолон, аҳли илму ҳунар ва намояндагони ҷавонон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар деҳоти Заргари ноҳия бо самимияти хосса истиқбол гирифтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи августи соли гузашта низ дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Бохтар як қатор иншооти гуногунро ифтитоҳ намуда, бо фаъолияти кишоварзон шинос ва бо фаъолони вилоят суҳ

Страницы