Иштирок дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”
Нашр шуд. Сеш, 11/06/2024 - 12:2911 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” иштирок ва суханронӣ карданд.
Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони ҳайатҳои ҳукуматҳо ва ташкилоту созмонҳои бонуфузро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ба кори конфронс барор орзу намуданд.