Эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия
Нашр шуд. Душ, 23/05/2016 - 14:4522 май соли 2016 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъракаи муҳими сиёсӣ-раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид кардани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, ки натиҷаҳои пешакии он имрӯз эълон гардид.
Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода 23 май зимни эълони натиҷаҳои пешакии раъйпурсии умумихалқӣ иттилоъ дод, ки аз рӯи маълумоти пешакӣ аз шумораи умумии раъйдиҳа