Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» соли ҳафтум аст, ки зери таваҷҷуҳ ва сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади муаррифии фарҳанги волои миллати тоҷик, эҳёи санъати миллӣ ва тарғиби он, арҷгузорӣ ба санъату ҳунари аҷдодӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии санъати мусиқӣ, навозандагӣ, сарояндагӣ, маҳорати касбии ҳунари мусаввирӣ, ҳайкалтарошӣ, ороишгарӣ ва либосдӯзӣ, интихоби намунаҳои беҳтарини оҳангу суруд ва асарҳои рассомӣ баргузор мешавад.

Бо дастури бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми маблағи мукофот барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 680 000 (ҳафт миллиону шашсаду ҳаштод ҳазор) сомонӣ ҷудо карда ш

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» дар соли 2025

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шарҳи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, он бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияҳо, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.

Баргузории озмуни мазкур тайи солҳои 2021-2024 нишон дод, ки миёни ҷавонону наврасони кишвар таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бамаротиб зиёд гардида, замина барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси муҳандисию техникӣ гардидааст.

Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2025

 

АМРИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Страницы