Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд
Нашр шуд. Душ, 04/12/2023 - 06:552 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Дубай дар ҳошияи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Мизи мудаввари сатҳи баланди Саммити ҷаҳонӣ оид ба амалҳои иқлимӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Тоҷикистон аз ҷиҳати таъсири тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ниҳоят осебпазир мебошад. Мисоли ин раванд босуръат об шудани пиряхҳои Тоҷикистон мебошад.