Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд
Нашр шуд. Ҷум, 20/10/2023 - 09:0919 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Кӯлоб бинои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 42-ро ба истифода супориданд.
Бинои нави таълимӣ аз 2 ошёна иборат буда, бо ҷонибдорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.