Э.Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД –ро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо самаранок арзёбӣ намуд
Нашр шуд. Сеш, 15/09/2015 - 15:49Зимни брифинг бо рӯзноманигорон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон кори ҷаласаи Шӯрои Амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро аз нуқтаи назари таҳияи усулҳои умумии давлатҳои аъзо оид ба масъалаи муҳими вазъияти муосири байналмилалӣ, арзёбии хусусиятҳои он ва тамоюли асосии вазъ дар ҷаҳон ва минтақа самаранок арзёбӣ намуд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки дар ҷаласа суҳбати ошкоро дар бораи вазъи ҳамкорӣ
Тоҷикистон ҷонибдори таваҷҷуҳи хосса ба масоили ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии кишварҳои аъзои СААД аст
Нашр шуд. Сеш, 15/09/2015 - 15:41Дар рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ як зумра тадбирҳо оид ба мукаммал намудани фаъолият дар доираи СААД ба нақша гирифта шудаанд. Бахусус, инҳо тақвияти омодагии ҷангӣ ва таъминоти моддию техникии қувваҳои дастаҷамъӣ ва воситаҳои зудамали онҳо, бо ин мақсад гузаронидани омӯзишҳо ва машқҳои муштарак, ба роҳ мондани табодули иттилооти доимӣ ва маҷмӯи иқдомҳои дигар оид ба таҳкими созмон мебошанд.
Э. Раҳмон сарони давлатҳои СААД-ро ба муттаҳиднамоии кӯшишҳо зидди таҳдиду хатарҳои минтақа даъват кард
Нашр шуд. Сеш, 15/09/2015 - 15:33Имрӯз дар ҷараёни ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 ба ҳайси раиси СААД натиҷагирӣ шуд.
«Қариб дар нуҳ моҳ мо барои рушд ва таҳкими иқтидор, баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти Созмон аз тамоми имконоти мавҷуда истифода намудем. Ин кор дар доираи Нақшаи татбиқи масъалаҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии соли гузашта, ки моҳи декабр баргузор гардида буд ва афзалиятҳое, ки дар
Ҷараён ва натиҷаҳои ҳамоиши сатҳи олии СААД дар Душанбе
Нашр шуд. Сеш, 15/09/2015 - 15:25Дар Қасри Миллат иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар сатҳи олӣ бо иштироки сарони давлатҳои аъзои ин созмон таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Қабл аз ҳама ба Қасри Миллат Президенти Арманистон Серж Саргсян ва Президенти Белорус Александр Лукашенко ва сипас сарони дигар давлатҳо низ ворид шуданд.