Иштироки Эмомалӣ Раҳмон дар оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт»
Нашр шуд. Сеш, 09/06/2015 - 10:11Субҳи имрӯз дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ба кор худ оғоз намуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар аз зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ба Тоҷикистон ташриф
Оғози Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба об дар Душанбе
Нашр шуд. Сеш, 09/06/2015 - 08:38Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд аст. Конфронси байналмилалӣ, ки аз 9 то 11-уми июн дар Душанбе баргузор мегардад, имрӯз, 9-уми июн ба кори худ оғоз менамояд.
Чорабинии мазкур як навъ талошест баҳри дастёбӣ ба рушди устувори захираҳои об ва он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд дар мутобиқат бо қатъномаи Маҷмааи умумии СММ аз 19-уми декабри соли 2014 доир ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015 роҳандозӣ мегардад.
Ҳадафи асосии конфронс- ин арзёбии пешравиҳо дар дастёбӣ ба аҳдофи Даҳсола ва муайянсозии
Дар бораи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015
Нашр шуд. Сеш, 09/06/2015 - 07:58Имрӯз, 9 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 кори худро оғоз менамояд, ки 10-11 июн идома хоҳад ёфт.
Тавре аз вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронс бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мегардад. Дар чаҳорчӯби маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири
«Муаллим»-барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм»
Нашр шуд. Душ, 08/06/2015 - 11:526 июн дар шаҳри Инсбруки Австрия маросими эълони ғолибони 24-умин кинофестивали байналмиллалии Инсбрук баргузор гардид.
Дар ин кинофестивали байналмилалӣ филми «Муаллим» барандаи ҷоизаи «Беҳтарин филм» гардид.
Мавриди зикр аст, ки ин ҷоизаро Ҳукумати кишвари Тирол таъсис додааст ва ҷоиза аз миёни кишварҳои Аврупо, Амрикои Лотинӣ, Африқо ва Осиё насиби филми тоҷикии