Мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ
Нашр шуд. Душ, 27/10/2014 - 15:33Зимни мулоқот бо Раиси Бонки исломии рушд Аҳмад Муҳаммад Алӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо ниҳоди бонуфузи молиявӣ баррасӣ шуд.
Тавре зикр гардид, тайи ҳамкории бисёрсолаи дуҷониба аз ҷониби Бонки исломии рушд ба маблағи зиёда аз 210 миллион доллари америкоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳими сармоягузорӣ дар бахшҳои