Боздид аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзии ноҳияи Ҷиликӯл
Нашр шуд. Сеш, 07/10/2014 - 10:25Дар маркази ноҳияи Ҷиликул Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ ва кишоварзӣ дидан кард.
Дар оғози боздид Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба кори қолинбофони дастӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Тавре зикр гардид, дар ҳудуди хоҷагии деҳқонии Эргаш Султонов як коргоҳи қолинбофӣ таъсис дода шудааст, ки дорои 30 дастгоҳ буда, дар он 60 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ бо кори