Оғоз бахшидан ба сохтмони мактаби нави муосир дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ
Нашр шуд. Душ, 06/10/2014 - 19:05Нимаи дуюми рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати Навободи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба бунёди бинои сеошёнаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 33, ки барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст, асос гузошт.
Тавре иттилоъ дода шуд, бинои нави муассисаи таълимӣ бо харҷи 15 миллион сомонӣ бунёд гардида, аз 4 бинои асосӣ иборат хоҳад буд.
Лоиҳаи бинои таълимӣ аз ҷониби ҷамъияти