Паёми телевизионӣ ба муносибати иди Қурбон
Нашр шуд. Шан, 04/10/2014 - 14:16Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати иди саиди Қурбон, ки фардо фаро мерасад, сидқан табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар аз даргоҳи Парвардигор сулҳу амонӣ ва файзу баракат орзу менамоям.
Имсол таҷлили ин иди суннатии аҷдодиамон ба истиқболи санаҳои муҳимми дорои аҳаммияти таърихиву сиёсӣ баробар омад.
Яке аз чунин санаҳои таърихӣ ҷашни 20 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон