Суханронӣ дар мулоқот бо масъулону фаъолони ноҳияи Ҷиликули вилояти Хатлон
Нашр шуд. Сеш, 07/10/2014 - 10:00Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Моҳи июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва масъулони соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон масъалаҳои марбут ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоятро мавриди баррасӣ қарор дода, бо мақсади татбиқи яке аз ҳадафҳои миллиамон - таъмини амнияти озуқавории мамлакат иҷрои бетаъхири як қатор вазифаҳоро ба миён гузошта будем.