Омодагӣ ба ҳамоиши сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай
Нашр шуд. Ҷум, 12/09/2014 - 10:50Имрӯзҳо шаҳри Душанбе бинобар баргузории ҳамоиши навбатии сатҳи олии Созмони ҳамкории Шанхай, дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтааст, зеро ин созмон тайи солҳои фаъолияти муассираш ба як ниҳоди басо соҳибнуфуз дар сиёсати ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Ба пойтахти Тоҷикистон роҳбарони давлатҳое ташриф овардаанд, ки дар онҳо беш аз нисфи аҳолии кураи замин зиндагӣ дорад.