Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт муаррифӣ гардиданд
Нашр шуд. Ҷум, 23/02/2024 - 18:54Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.
Тавре Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар доираи татбиқи минбаъдаи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, тибқи лоиҳаҳои бо меъёрҳои байналмилалии шаҳрсозӣ таҳиягардида, як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои куҳнаи пойтахт мавриди навсозию ободонӣ қарор мегиранд.