РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми оби Душанбе таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби СММ аст
Нашр шуд. Шан, 13/01/2024 - 10:31Яке аз ҳадафҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»- таҳлили татбиқи Рӯзномаи амал дар соҳаи оби Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид /СММ/ мебошад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи тадорукоти Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки моҳи июни соли 2024 дар Душанбе доир мешавад, иттилоъ медиҳад.