88-умин мавсими театрӣ дар Тоҷикистон ба 60- солагии фаъолияти Ҳошим Гадоев бахшида шуд
Нашр шуд. Чор, 06/09/2017 - 12:16Бегоҳии дирӯз дар назди Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо садои карнаю сурнай, рақсу бозии ҳунармандон ва иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, корпусҳои дипломатии муқими шаҳри Душанбе, илму адаб ва мухлисони зиёди саҳнаи театри тоҷик маросими кушодашавии 88-умин мавсими театрӣ баргузор гардид.Дар толори якуми театр аксҳо аз нақшҳои офарида ва китобҳои таълифнамудаи Ҳошим Гадоев ба намоиш гузошта шуда буд