Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Хуросон
Нашр шуд. Чор, 09/08/2017 - 09:35Ҳамватанони арҷманд!
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо сокинони кишварамон бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ ва нангу номуси миллӣ аҳлона заҳмат кашида, ба таҷлили ҷашни истиқлолияти давлатӣ, ки бузургтарин неъмати бебаҳо, шарафи ватандорӣ, кафолати зиндагии осоишта ва муҳимтар аз ҳама, асоси устувори давлатдории мустақили тоҷикон мебошад, ҳамаҷониба омодагӣ гирифта истодаанд.