Суханронии Пешвои миллат дар ҷашни Наврӯз
Нашр шуд. Сеш, 21/03/2017 - 21:53Ҳамватанони азиз!
Муҳтарам сокинони шаҳри Душанбе!
Дар ин лаҳзаҳои пурнишот, ки ба Тоҷикистони биҳиштосои мо соли нави аҷдодиамон - Наврӯзи ҷаҳонафрӯз бо қадамҳои сабзи худ фаро расидааст, тамоми мардуми кишварамон, сокинони сарбаланди пойтахти мамлакат - шаҳри Душанбе ва ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро ба ифтихори ин ҷашни фархунда, ки яке аз рамзҳои