Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 19/04/2024 - 13:4719 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Чорабинӣ дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон баргузор шуд.
Нахуст, Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дод.