Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд
Нашр шуд. Ҷум, 13/10/2023 - 17:1613 октябр дар шаҳри Бишкек (Қирғизистон) Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров баргузор шуд.
Зимни ҷаласаи хосса ва бо иштироки ҳайатҳо сарони давлатҳо масъалаҳои кунунии ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳодро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор анҷом доданд.