Мулоқот бо роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Нашр шуд. Сеш, 26/05/2015 - 10:26Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони сохторҳои амният ва хадамоти махсуси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатии Шӯрои роҳбарони ин соҳаи давлатҳои созмони номбурда ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, роҳҳои пурзӯр намудани муборизаи муштарак бо хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар
Паёми телевизионӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Нашр шуд. Ҷум, 22/05/2015 - 18:01Ҷавонони азиз!
Шумо нерӯи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро азхуд намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши
Шиносоӣ бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа
Нашр шуд. Ҷум, 15/05/2015 - 12:49Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоии бевосита бо рафти сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Душанбе-Қурғонтеппа ба ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ёвон сафар кард.
Нахуст Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Истиқболи ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ ташриф овард.
Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи сохтмон, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки масофаи умумии қитъаи
Суханронӣ дар маросими оғози корҳои сохтмони нақб дар масири роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон
Нашр шуд. Ҷум, 15/05/2015 - 12:15Ҳамватанони азиз!
Ҳозирин ва меҳмонони гиромӣ!
Боиси ифтихору хушҳолист, ки дар доираи нақшаҳои бузургу созандаи Ҳукумати мамлакат ҷиҳати суръат бахшидан ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар қатори дигар лоиҳаҳои муҳим бунёди роҳи оҳани Душанбе - Ёвон торафт вусъат ёфта истодааст.
Зеро рушди устувори иқтисодиётро бе ташкили