Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд. Душ, 06/01/2025 - 10:16ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили
Сомонии шаҳри Душанбе озод намудани Одиназода М.Ҷ.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Одиназода Мирзо Ҷалил аз вазифаи судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад, озод карда шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
4 январи соли 2025
№884
ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Конибодоми
вилояти Суғд озод намудани Тӯхтасунзода А.
Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:
Тӯхтасунзода Абдусалом бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси шаҳри Конибодоми вилояти Суғд озод карда шавад.