Ахбор

Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

Имрӯз суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов доир гардид.

Сарвари давлати мо ба Президенти Туркманистони дӯст бо суханҳои таслият муроҷиат карда, дар иртибот ба реҳлати модаркалонашон ОГУЛАБАД ЭДЖЕ ба ӯ ва ҳамаи пайвандону наздиконашон таъзияи самимӣ  баён карданд.

Қаблан Пешвои миллат ба унвони Сердар Бердимуҳамедов барқияи ҳамдардӣ ирсол намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд

8 апрел дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Муовини якуми Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Сербия Ивитса Дачичро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Сербия баррасӣ гардид.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки мо ҷонибдори густариши минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар тамоми соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ва таҳкими заминаи ҳуқуқии муносибатҳои ду давлат ҳастем.

Барқияи изҳори тасаллии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон муҳтарам Гурбангулӣ Бердимуҳамедов барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Гурбангулӣ Мяликгулиевич,

Хабари даргузашти модари соҳибэҳтироми Шумо – Огулабад эдже боиси андӯҳи амиқи мо гардид.

Дар иртибот ба ин талафоти гарон хоҳишмандам изҳори тасаллии самимӣ ва таъзияи амиқи ин ҷонибро қабул фармоед. Дар ин рӯзҳои вазнин ба Шумо ва пайвандону наздикони Шумо матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил хоҳонам».

«ДУРАХШИ АХТАРОН: ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштарак оғоз ёфт

Дар павилиони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» кастинг-интихоби ҳунарпешаҳо барои нақшофарӣ дар филми ҳунарии таърихии муштараки «Дурахши ахтарон:Ҷомӣ ва Навоӣ» шуруъ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маъмурияти «Тоҷикфилм» хабар медиҳад.

Ҳунарпешаҳо ва хоҳишмандон ҳунару истеъдоди фитрӣ, чеҳра, тарзи гуфтор, қобилияти нақшофарӣ ва таҷрибаи хешро ба коргардон ва гурӯҳи эҷодии...

Страницы