Ахбор

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор
озод намудани Қосим Роҳбар

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Қосим Роҳбар аз вазифаи раиси шаҳри Ҳисор озод карда шавад.

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

ш. Душанбе
15 апрели соли 2024
№805

ФАРМОНИ
ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури
шаҳри Душанбе озод намудани Билол И.

Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам:

Билол Иброҳим бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе озод карда шавад.

Суҳбати телефонӣ бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд

Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд

11 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бинои наву замонавии Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро, ки бо тарҳи муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои милливу байналмилалӣ бунёд шудааст, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ифтитоҳ намуданд.

Страницы